Корҳои сохтмонӣ дар яке аз иншооти калонтарини пойтахт- Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе–2» мутобиқи талаботи муосири технологӣ ҷараён дошта, нақшаи сохтмонӣ дар толори асосии механизми гармидиҳӣ дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад. Корҳо дар дегхонаи якум ва лӯлаи дудбарор пурра анҷом ёфта, сохтмони иншооти обхунуккунӣ то баландии 75 метр расонида шудааст. Лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе–2» барои таъмини пурраи аҳолии шаҳри Душанбе бо гармӣ пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ширкати «ТВЕА»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар ду марҳила татбиқ хоҳад шуд. Дар оғоз 160 нафар сохтмончӣ дар ин ҷо кор мекарданд, имрӯз бошад, шумораи кормандон ба як ҳазору 400 нафар расонида шудааст, ки қисми зиёди онҳоро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Мавриди истифода қарор додани марҳилаи аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» даҳаи сеюми моҳи октябри соли равон дар назар дошта шудааст.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»