Ҳаштуми августи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи сохтмончиён дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» намоишгоҳ ва озмуни лоиҳаҳои беҳтарини бино ва иншооти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилзода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо ҳамаҷиҳата рушд намуда, дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Номбурда мақсади баргузории намоишгоҳ ва озмуни зикршударо дар ҷалби таваҷҷуҳи бештари меъморон ба корҳои лоиҳакашӣ арзёбӣ намуда, минҷумла гуфт, ки дар корҳои лоиҳакашӣ бояд аз сарчашмаҳои санъати меъмории ниёгон васеъ истифода шавад. Баъдан, иштирокчиён ба тамошои маҳсули эҷоди лоиҳакашони ҷумҳурӣ даъват шуданд. Бояд гуфт, ки қисме аз лоиҳаҳое, ки пешниҳод шуда буданд, пурра татбиқ гардида, қисми дигараш дар давраи амалишавӣ қарор дорад. Инчунин якчанд лоиҳаи гуногуни биноҳои истиқомативу маъмурии нав пешниҳод гардидаанд, ки бо истифода аз унсурҳои санъати меъмории миллӣ таҳия шудаанд. Аъзои ҳакамон пас аз санҷиши ҳаматарафа аз рӯйи се номгӯй — биноҳои ҷамъиятӣ, биноҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ баҳогузорӣ намуда, ба беҳтаринҳо диплом ва мукофотпулӣ тақдим карданд. Ҳамин тавр, дар бахшҳои биноҳои ҷамъиятӣ ва маъмурӣ ҷойи аввал ба ҶСК «Шаҳрофар» ва дар бахши бинои истиқоматӣ ба ҶДММ «Мусаввир»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дода шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»