ДУШАНБЕ. ( Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар шаҳри Душанбе машғулиятҳо дар курси ҳафтмоҳаи омӯзиши забони англисӣ барои кормандони вазорату идораҳо анҷом ёфт. Он аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқаи СММ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии тақвияти системаи итилооти миллии амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон» созмон дода шуда буд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуд ва мақсади он аз таҳкими захираҳо барои таҳияи иттилои дақиқ, замонавӣ ва боэътимод оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани малакаи дониши кормандону мутахассисоне, ки дар ин бахш кору фаъолият мекунанд, иборат буд.