21 июли соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа, қабл аз ҳама, бо таваҷҷуҳ аз ғановати бозори истеъмолӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, риояи нархҳои воқеӣ дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби соҳибкорон дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз рӯйи фаъолияти густурдаи мақомоти марбута ва комиссияҳои ҷамъиятӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Ин навбат низ Маҳмадсаид Убайдуллоев кулли ҳозиринро ба имону инсоф даъват карда, роҳбарияти бозорҳои коммуналӣ ва хусусиро муваззаф сохт, ки барои захираву бо нархҳои дастрас дар иди Рамазон пешниҳоди 20 намуд маҳсулоти ниёзи аввалия чораҳои қатъӣ андешанд.
Дастур дода шуд, ки баҳри ғановати дастурхони идонаи рамазонии шаҳрвандон баргузории ярмаркаҳои ҷойдоштаро идома дода, рӯзҳои шанбе, якшанбеи қабл аз иди Рамазон дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳо ва бозорҳои коммуналӣ фурӯши ярмаркавии маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби сохторҳои марбута ташкил карда шаванд.
Дар ин робита баҳри рафъи нуфузёбию таъсиррасонии ғайриқонунӣ ба болоравии нарх дар бозорҳо ва аз байн бурдани сохторҳои беасоси миёнарав, ки яке аз сарчашмаҳои болоравии нархҳо дар бозорҳои истеъмолии шаҳр мебошанд, қарор дода шуд, ки фаъолияти тамоми нозирони минтақавӣ, духтурони санитарию байтории беш аз панҷ сол дар як бозор фаъолияткунанда таҷдиди назар карда шавад.
Ҳамзамон дар ҷаласа ҳолати корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ва объектҳои соли 2014 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» бунёдшаванда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати дар панҷ иншоот гузаштани муҳлати ба анҷом расонидани корҳои роҳсозӣ изҳори нигаронӣ намуда, комиссияи муваққатиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои камбудиҳои ифшошуда аз ҷониби пудратчиён ва фармоишгари иншоот назоратро пурзӯр намояд.
Барои ислоҳи вазъ ва ташкили низоми дурусти хоҷагидорӣ ба сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» Суҳроб Мирзоев то 1 сентябри соли 2014 муҳлат муқаррар карда шуд.
Бобати дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар шаҳр ва ба ин васила фароҳам овардани шароит баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳо дар бозори истеъмолӣ раиси шаҳр таъкид намуд, ки 20 августи соли ҷорӣ Маҷмааи савдои муосири «Пойтахт-90», воқеъ дар кӯчаи Меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ сохта шудааст, ба масоҳати беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ тариқи иҷора ба истифода дода мешавад. Феълан дилхоҳ соҳибкоре, ки дар фаъолияти соҳибкориаш ба таблиғи молу маҳсулоти брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ шуғл дорад, имкон пайдо мекунад, ки нуқтаҳои савдои замонавиро ба иҷора гирад.
Ш.САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе