Чанде пеш таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба натиҷагирии омодасозии шаҳри Душанбе барои таҷлили 23-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини сохторҳои марбута ҷаласа доир гашт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ба инобат гирифтани самараи роҳандозии васеи назорати ҷамъиятӣ аз рӯйи фаъолияти сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ натиҷаи корҳои тӯли ҳафтаи сипаришуда ба суботрасидаро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, дастур дод, ки баҳри комёб шудан ба амалисозии муваффақонаи нақшаҳои тарҳрезишуда бо иштироки комиссияҳои ҷамъиятӣ ҳамарӯза соати 19 дар ноҳияҳо ситоди ҳамоҳангсозии фаъолият баргузор карда шавад.
Дар ин робита баҳри ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, дастрасии қишрҳои ниёзманди шаҳр ба маҳсулоти ниёзи аввалия директорони бозорҳои коммуналӣ ва КВД «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» муваззаф гардиданд, ки тавассути харидорию бастани қарордодҳои мустақим бо истеҳсолкунандагони ватанӣ интиқоли молу маҳсулотро дар бозорҳо афзун намоянд.
Ҳамзамон дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев санаи баргузории тантанаҳои ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе дақиқ карда шуд. Тибқи он тақвими баргузории ҷашнвора ҳафтаи охири моҳи октябри соли равон тариқи зайл муқаррар карда шуд:
- 25 — 26-уми октябр тантанаҳо дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо;
- 28 — 29-уми октябр рӯзҳои фарҳанги бародаршаҳри Душанбе – Санкт — Петербурги Федератсияи Россия;
- 30 — юми октябр ҷаласаи тантанавии ҷашнвора:
- 31 — уми октябр ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо;
- 1-уми ноябр карнавали идона дар боғи Наврӯзгоҳ.
Дар иртибот ба ин ба дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои кории таъсисёфта қарори дахлдори раиси шаҳри Душанберо баҳри мақсаднок вусъат бахшидан ба раванди ободкориҳо таҳия ва пешниҳод намояд.
Ш. Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе