22 декабри соли 2014 таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа масоили хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама ҳолати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, вазъи санитарию экологӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва аз 21 то 31 декабри соли 2014 дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт -90», корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон», «Бозори Қарияи боло» ва бозорҳои хусусии яклухтфурӯшии дар қаламрави шаҳр фаъолиятдошта баргузории ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввалия, назорати ҳолати зимистонгузаронӣ, пеш аз ҳама, дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андоз ва буҷети шаҳр дар соли сипаришаванда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар иртибот ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба масъулин дастуру супоришҳо бо муқаррар кардани муҳлати иҷрои босифати онҳо дода шуд.
Илова бар он, баҳри шаффофияти ҳолати татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз сохтакориҳо дар нишондодҳои омории арзишу ҳаҷми корҳои сохтмонии анҷомгирифта ва ба ин васила паст кардани ҳаҷми пардохтҳои андозӣ, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳр муваззаф гардиданд, ки санадҳои мавҷудаи комиссияҳои давлатии қабули иншоотро аз ин нигоҳ мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҳолати идоракунию мақсаднок истифодабарии иншооти моликияти коммуналӣ, фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад, ба риштаи таҳлил кашида шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ба директорони корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ки тибқи оинномаашон сохтори тиҷоратӣ маҳсуб меёбанд ва пардохти маоши кормандонашон аз ҳисоби буҷети шаҳр пешбинӣ намегардад, дастур дод, ки дар доираи салоҳият ва масъулияти роҳбариашон ҷиҳати фаъолияти муназзам ва сари вақт бо маош таъмин кардани кормандонашон чораҳои зарурӣ андешанд.
Ш. Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе