Ҷаласаи навбатии пленарии гурӯҳи АврОсиё баргузор гардид

№137 (3283) 20.11.2014

Аз 10 то 14 ноябри соли равон  дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» -и шаҳри Душанбе  ҷаласаи 21-уми пленарии гурӯҳи АврОсиё оид ба муқовимат ба шустани пул  ва терроризм доир гардид.

Дар кори ҷаласа  намояндагон аз нуҳ давлати аъзои гурӯҳи АврОсиё, инчунин  Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, дигар гурӯҳҳои минтақавии татбиқи чораҳои муқовимат ба шустани пул (ФАТФ)  ба сифати нозирон ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни ин ҳамоиш  асосан  доир ба мушкилоти ҳуқуқӣ, ёрии техникӣ, мониторинги хавф  оид ба муқовимат ба маблағгузории ғайриқонунии фурӯши маводи мухаддир ва ҷинояткории терроризм изҳори андеша карданд.

Ҳамзамон дар ин ҷаласа Барномаи кории Шӯрои Консепсияи ҳамкории байни мақомоти кашшофии молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2015-2016  низ баррасӣ шуд. Бояд ёдовар гардид, ки  Шӯрои мазкур соли 2012 таъсис ёфта, ҳайати он аз роҳбарони мақомоти кашшофии молиявии давлатҳои Арманистон, Қазоқистон,  Федератсияи Россия, Украина ва Тоҷикистон иборат мебошад.

Инчунин дар рафти ин ҷаласа конфронси илмӣ- тадқиқотӣ бахшида ба 10- солагии таъсисёбии гурӯҳи мазкур, аҳамияти махсуси ин ташкилот дар рушди муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм  доир гардид. Намояндагони сохторҳои марбутаи давлатҳо, ки дар ин соҳа саҳми босазо гузоштаанд, бо медали ҷашнии 10- солагии таъсисёбии гурӯҳи АврОсиё қадрдонӣ шуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»