17 августи соли 2013 дар доираи татбиқи Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №171 аз 10 апрели соли 2012 «Дар бораи ба низом даровардани масъалаҳои вобаста ба тақсимоти замин, додани қитъаҳои замин ба сокинони шаҳри Душанбе аз кварталҳои 14-15 маҳаллаи «Ховарон», лоиҳакашӣ, сохтмони манзили шахсӣ ва корҳои сохтмонии роҳҳо, коммуникатсия ва инфрасохторҳо дар кварталҳои мазкур» дар маҳаллаи «Ховарон» ҷаласаи сайёр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрию ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон ва ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо он баргузор шуд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки тибқи қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе, бо дарназардошти протоколи комиссияҳои ҷамъиятии ноҳиявӣ ба 712 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд, аз ҷумла дар ноҳияи Сино ба 208 нафар, ноҳияи Шоҳмансур 168 нафар, ноҳияи Фирдавсӣ 168 нафар ва ноҳияи И.Сомонӣ 168 нафар, инчунин дар асоси қарорҳои марбутаи раиси шаҳр иловатан ба 15 нафар сокинони шаҳр дар маҷмуъ 727 қитъаҳои замини масоҳаташ 0.03 (сифр аз сад се) гектар, барои истифодаи бемуҳлат ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматии инфиродӣ дар кварталҳои 14-15 маҳаллаи «Ховарон» дар доираи Нақшаи генералии тарҳрезишуда ҷудо карда шудаанд.
Баҳри таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ дар баррасии муроҷиатҳо, инчунин роҳ надодан ба тақаллубкориҳо зимни шомил кардани шаҳрвандони муроҷиаткарда ба рӯйхати мутобиқ ба протоколи комиссияҳои ҷамъиятии ноҳиявӣ бо қарорҳои раисони ноҳияҳо пешниҳодшуда, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба роҳбарони сохторҳои шаҳрию ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки на дертар аз 23 августи соли 2013 санҷиши дақиқи рӯйхатҳоро ба анҷом расонида, хулосаҳояшонро ба унвони раиси шаҳр манзур созанд.
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгар лоиҳакашӣ ва сохтмони хатҳои муҳандисии беруна, роҳҳо, ирригатсия, обтаъминкунӣ, корезӣ, барқтаъминкунии кварталҳои 14 ва 15 оғоз гардидааст. Масъалаи ҷудо кардани қитъаҳои замин ва нишонагузории онҳо феълан тибқи дастури раиси шаҳр аз ҷониби Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе идома дошта, тақсимоти он 27 августи соли 2013 тариқи қуръапартоӣ бо иштироки 727 нафар сокинони шаҳр амалӣ карда мешавад.
Ш. САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе