26 майи соли 2015 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи сайёри Шӯрои координатсионии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар назди Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайра мақдам гуфта, ба кори ҷаласа муваффақият хост. Сипас, раиси Шӯрои координатсионӣ, раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус оид ба амнияти миллӣ Валерий Гайдукевич иштирокчиёнро муаррифӣ намуд.
Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа роҷеъ ба ҷараёни татбиқи амалии қарорҳои моҳи декабри соли 2014 аз ҷониби иҷлосияи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ қабулгардида маълумот дода, ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа посух гуфт.
Дар ҷаласа намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва изҳори назар намуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум», Суратгир А. ИСОЕВ