Чанде пеш дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистифодаи маводи нашъаовар баргузор гардид. Дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Марҳабо Ҷабборӣ, муовини раиси Шӯро Рустам Назаров, аъзо ва котиби Шӯро, инчунин сафирони Федератсияи Россия, Беларус, Қирғизистон, Япония, намояндагони сафоратҳои Германия, ИМА, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон — Барномаи Рушди СММ, Фонди Рушди «Оғохон», Иттиҳоди Аврупо, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуданд.
Дар ҷаласа «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба он баррасӣ шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ қайд намуд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва сӯиистифодаи он барои тамоми ҷомеа мушкилоти ҷиддиро ба бор овард, ки зарурати андешидани чораҳои ҷиддӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди он ба миён омад.
Сарфи назар аз натиҷаҳои бадастомада, дар самти муқовимат ба сӯиистифодаи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста бо он, ҷалб шудани қисми муайяни аҳолӣ ба муҳити нашъамандон ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор нигаронкунанда аст.
Ҳамаи инро ба назар гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардид, ки мақсади асосӣ коҳиш додани паҳншавии ғайриқонунии маводи нашъаовар ва истифодаи хатарноки ғайритабиии он, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мебошад.
Марҳабо Ҷабборӣ иброз намуд, ки кӯшишу ташаббусҳои тарафайн бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вазифаи муҳим дониста мешавад.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар баромадаш ҳозиринро бо вазъи вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон шинос намуд. Ӯ инчунин зикр намуд, ки вақтҳои охир ҳодисаҳои ба Тоҷикистон ворид шудани маводи нашъаовари синтетикӣ ба чашм мерасад. Зиёд шудани миқдори нашъамандон, сироятшудагони бемории «ВИЧ» боиси ташвиш аст. Вобаста ба ин, роҳбари Агентӣ кумак ва мусоидати ташкилотҳои байналмилалиро дар амалӣ намудани Стратегияи мазкур зарур шуморид.
Дар ҷаласа масъалаи бозомӯзии мутахассисони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва афсарони полиси зиддимухаддиротии Афғонистон, созмон додани Маркази таълимӣ оид ба бозомӯзии мутахассисони соҳаи кинология дар заминаи Маркази кинологии Агентӣ муҳокима гардид.
Инчунин иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодот ва тавсияҳои иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба таҳия намудани бандҳои мутобиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва лоиҳаи протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозиро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор доданд.
Сафирони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ арз намуданд, ки онҳо ҳамкориро дар чорчӯбаи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» минбаъд беҳтар менамоянд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»