Бо ҳукми суд муайян намудани ҷазо мақсад бо он мақсад аст, ки шахси гуноҳсодирнамуда ислоҳ шаваду роҳи рости зиндагиро пеш гирад. Аммо афроде ҳастанд, ки пас аз адои муҳлати ҷазо ва татбиқи қонун дар бораи авф озод шудан низ хулоса намебароранд. Ҳамоно фиреб, ҳилаву найрангро истифода бурда, одамони содаву зудбоварро ба доми фиреби худ медароранд.
Шаҳрванд Фахриддин Раҳимов аз қабили шахсонест, ки чанд нафарро бо истифода аз боварӣ фиреб додааст. Дар маҷлиси ошкорои судии Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Фахриддин Раҳимов- таҳсилоташ миёна, ихтисос надорад, соҳиби чор фарзанд, бекор, қаблан се маротиба суд шудааст, баррасӣ шуд.
Номбурда дар асоси ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 25 сентябри соли 2012 бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои намуди ҷарима ба андозаи 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 60 ҳазор сомонӣ аст, бо мусодираи молу мулк ба фоидаи давлат, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 3 сол таъин карда шуда, дар асоси қисми 3 моддаи 70 ва қисми 10 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати аз 6 июни соли 2012 то 25 сентябри соли 2012, яъне 112 рӯз дар ҳабс нигоҳ доштани судшаванда, ки як шабонарӯз ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар мебошад, ба назар гирифта, 2.240 сомонӣ ба ҳисоби адои ҷазо кам карда шуд.
Пештар аз ин, 26 июни соли 2011 номбурда ба боварии шаҳрванд Сайдакбар Қосимов даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «АУДИ», ки аз қайд набароварда ва рақами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ надоштааст, гирифта ваъда додааст, ки пас аз ду моҳ маблағи 3000 доллари ИМА-ро оварда медиҳад. Дар фосила ӯ аз Саидакбар Қосимов боз бо роҳи фиреб 2250 доллари ИМА-и дигар гирифта, ваъда додааст, ки ҳамаи маблағҳоро якҷо карда, бармегардонад. Вале то ҳол ӯ маблағҳоро барнагардонидааст, ки бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 5250 доллари ИМА зарари махсусан калон расонидааст.
Ӯ боз такроран моҳи январи соли 2012 аз шаҳрванд Тиллоҷон Собиров барои автомашинаи шахсиаш тамғаи «Авди-Аврора»-ро таъмир кардан маротибаи аввал 1600 доллари ИМА гирифта, вале автомашинаро таъмир накардааст. Сипас, маротибаи дуюм барои таъмири автомашинаи фавқуззикр иловатан 1200 доллари ИМА-ро гирифта гуфтааст, ки автомашинаро пурра таъмир мекунад. Ҳамин тавр, то ҳол мавсуф автомашинаи мазкурро таъмир накарда, маблағҳои гирифташударо ба манфиати худаш сарф намудааст.
Моҳи июни соли 2013 ба боварии шаҳрванд Даврон Сатторов даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «АУДИ-А-6», рақами давлатиаш АН 70-09 РТ 01-ро ба маблағи 4000 доллари ИМА нархгузорӣ намуда, гирифта ваъда додааст, ки онро ба ҳамин маблағ фурӯхта, маблағашро пас аз ду моҳ бармегардонад. Фахриддин Раҳимов автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағи бадастовардаро ба манфиати худаш сарф намудааст ва то ҳол ба Даврон Сатторов маблағро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ӯ бо роҳи қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ба шаҳрвандон Фахриддин Алиев, Фирдавс Тағоев зарари махсусан калон расонид.
Бо назардошти асосҳои боло суд ба чунин хулоса омад: Фахриддин Раҳимов бо кирдорҳои барқасдонаи худ, ҷинояти дар банди «б»-и қисми 4 моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯйистифодаи боварӣ бо аломатҳои такроран ва расонидани зарари махсусан калон ба шаҳрвандонро муқаррар мекунад. Бо нишондоди ҷабрдидаҳо, шоҳидон ва санҷиши ҳуҷҷатҳои парвандаи ҷиноятӣ дар рафти тафтишоти судӣ тасдиқи худро ёфт ва суд кирдори ӯро бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст намуд.
Ҳангоми таъини ҷазо суд онро ба назар гирифт, ки ҷиноятҳои содиршуда ба категорияи ҷиноятҳои вазнин мансуб буда, сабаби содиршавии он мақсади даромади муфт ба даст овардани судшаванда мебошад. Андозаи умумии зарари расонидашуда ба шаҳрвандон маблағи 15 725 доллари ИМА, баробар ба асъори пули миллӣ 96 947 92 ( наваду шаш ҳазору нуҳсаду чилу ҳафт сомониву наваду ду дирам)-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо суд онро ба назар гирифт, ки зарар қисман барқарор шудааст, худашро пурра гунаҳгор мешуморад, оиладор ва соҳиби фарзанд мебошад.
Суд ҳолатҳои болоро ба назар гирифта, лозим донист, ки нисбати судшаванда Фахриддин Раҳимов дар доираи моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин намояд.
Бо аризаи хаттӣ ҷабрдида Д.Сатторов тасдиқ менамояд, ки автомашинаи шахсиашро баргардонида гирифтааст ва нисбати судшаванда ягон даъво надорад. Ҷабрдида Ф.Тағоев тасдиқ намуд, ки маблағи пулии 1.400 доллари ИМА-ро аз судшаванда Ф.Раҳимов пурра гирифтааст ва даъво надорад.
Зарари ҷабрдидаҳо Ф.Алиев ва М.Собиров барқарор нашудааст ва суд рӯёнидани онро лозим мешуморад.
Бинобар ин, бо татбиқи моддаи 68 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи маҷмӯи ҳукмҳо бо роҳи пурра зам намудани ҷазои таъингардида бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷазои ниҳоӣ нисбати Фахриддин Раҳимов ба муҳлати нуҳ сол аз озодӣ маҳрум, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати се сол, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр ва ҷарима ба маблағи 55530 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Ҷазои таъиншудаи ҷарима аз ҳисоби маҳкумшуда Фахриддин Раҳимов ба фоидаи давлат мустақилона иҷро карда мешавад.
М.АЗИМОВА, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе