Бо мақсади таъмин намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин риоя намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагон ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе амалиёти «Чароғаки сурх» ва як моҳи бехатарии ҳаракати роҳ бо ҷалби кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ гузаронида мешавад.
Вақтҳои охир кам кардани шумораи кормандони БДА дар кўчаҳои марказии шаҳри Душанбе боиси ниҳоят зиёд гаштани қонуншиканӣ аз тарафи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, хусусан аз тарафи ронандагон гаштааст.
Дар назар дошта шудааст, ки давоми як моҳ дар кўчаи марказӣ назорати видеоӣ насб карда мешавад.
Аъзам МӮСОЕВ,
«Садои мардум»