Ҳамкориҳои дуҷониба вусъат меёбанд

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндаи нави доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Акбар Алӣ Песнанӣ баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла имконияти таъсиси корхонаҳои дӯзандагӣ барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар вилояти Хатлон, сохтмони НБО-ҳои хурд (аз 2,5 то 5 мВТ) дар ҷумҳурӣ, сохтмони НБО-и «Себзор» бо иқтидори 10 мВт, лоиҳаи гидроэнергетикии НБО-и «Санобод», ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор ёфт.