Ҳамнишине беҳ аз китоб нест

№73 (3374) 28.05.2015

Бо иқдоми Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» мегузарад.

-Ин озмун аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ҳадафи он тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстии кӯдакону наврасон, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, фарҳангии онҳо, ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва тамоми аҳли ҷомеа ба мушкилоти раванди хониши кӯдакону наврасон мебошад,- баён дошт директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Авғонов.

Тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ, эҷодӣ, китобхонаҳо вазифадор шудаанд, ки барои гузаштани ин чорабинӣ мусоидат намоянд. Аз ин хотир, дар доираи озмун  чорабиниҳои фарҳангӣ — маърифатӣ доир гардида, сатҳи донишомӯзӣ, маҳорату малакаи насли наврас омӯхта, ба онҳо баҳри тақвияти омилҳои зикргашта кумак расонида мешавад.

Барои иштирок дар даври  ҷамъбастии озмун аз ҳар як вилоят,  шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе як нафарӣ пешниҳод карда мешавад. Зимни ҷамъбасти озмун ғолиби он бо «Гран-при» мукофотонида, ҳамзамон «Хонандаи беҳтарин», «Оилаи китобдӯст» ва «Китобхонаи беҳтарин» муайян карда мешаванд. Ҷамъбасти озмун дар Рӯзи китоб — 4 сентябр доир мегардад.

Б.Каримзода, «Садои мардум»