№ 399 аз 8 июли соли 2013
Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №582 «б» аз 10 июли соли 2013 ба қайд гирифта шудааст
Бо мақсади дар моҳи шарифи Рамазон ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ ва ба ин васила таъсиррасонии мусбӣ ба нархи маводи озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликияташон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1.Ташаббуси тоҷирону соҳибкорон ва роҳбарони бозорҳои коммуналию хусусии шаҳри Душанбе тибқи Протоколи замимагардидаи маҷлис бобати дар давоми моҳи шарифи Рамазон аз 9 июл то 8 августи соли 2013 пешгирӣ намудани болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия ва ба фурӯш баровардани маводи асосии истеъмолӣ бо нархҳои зерин: гӯшти гов то 29, гӯшти гӯсфанд то 30, орди навъи якум аз гандуми воридгардида аз хориҷа то 2,6, картошка то 1,5, бехпиёз то 0,65, сабзӣ то 1,6, шакар то 4,2, равғани растанӣ то 7,5, биринҷ то 6 сомонӣ барои як килограмм, шир дар бозорҳо то 3,5 ва шири истеҳсоли ҶСК «Комбинати шири Душанбе» 4,5 сомонӣ барои як литр, тухм то 0,5 сомонӣ барои як дона ва гӯшти мурғи ҶСК «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ барои як килограмм, ҳамчун амали хайру эҳсонкорӣ, ҷонибдорӣ карда шавад.
2. Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Саховат» дар моҳи шарифи Рамазон барои истеҳсолкунандагоне, ки маҳсулоти дар банди 1-уми ҳамин Қарор зикргардидаро бевосита (бе миёнаравҳо) дар бозорҳои шаҳр ба фурӯш мебароранд, шароит ва афзалияти ҳамаҷониба фароҳам оварда, онҳоро дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунанда аз пардохти ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳо дар бозорҳои шаҳр, ки ба моликияти коммуналӣ мансуб мебошанд, бо пуррагӣ озод намоянд ва аз роҳбарони бозорҳои хусусии дар қаламрави шаҳри Душанбе фаъолияткунанда хоҳиш карда шавад, ки амали мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
3. Бо мақсади таъмини рақобати солим ва ба танзим даровардани нархи маҳсулот, маъмурияти бозорҳои коммуналӣ зери масъулияти шахсии директорони бозорҳо (ё шахсе, ки вазифаи онҳоро иҷро мекунад) бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ ҳамарӯза харид, воридот ва фурӯши маҳсулоти дар ҳудуди кишвар истеҳсолшавандаи дар банди 1-уми ҳамин Қарор дарҷгардидаро тариқи ташкили ярмаркаҳои фурӯш, дар назди даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналии шаҳр, танҳо дар моҳи шарифи Рамазон, ба роҳ монанд.
4. Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Саховат» аз 8 июл то 8 августи соли ҷорӣ маблағҳои хизматрасонӣ ва аз муомилоти ҳама намуди гардиши молии воридшударо барои хариди маҳсулоти ниёзи аввалия бевосита аз истеҳсолкунандагон масраф намоянд.
5. Муқаррар карда шавад, ки ҳангоми иҷро нагардидани Қарори мазкур аз ҷониби савдогарону соҳибкороне, ки дар бозорҳои мансуб ба моликияти коммуналӣ фаъолият менамоянд, масъалаи минбаъд дар ҳамин бозорҳо фаъолият намуданашон, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, баррасӣ карда мешавад.
6. Маъмурияти бозорҳои дар шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ, баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон то 9 июли соли ҷорӣ ҳамаи тарозуҳоро аз санҷиши Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» гузаронида, барои хизматрасонии харидорон фаъол созанд.
7. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.), Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Исмоилов Р.К.), Раёсати андози шаҳри Душанбе (Воҳидов А.А.), Раёсати гумруки шаҳри Душанбе (Муродов А.Р.), Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе (Қармишев Б.Д.) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, чораҳои зиддисӯхторӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои истеъмолии шаҳр дар давоми моҳи шарифи Рамазон пурзӯр намоянд ва барои аз шаҳр набаровардани маҳсулоти истеъмолии дар банди 1-уми ҳамин Қарор зикргардида, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чораҳо андешанд.
8. Аз сохторҳои дахлдори назоратии давлатӣ хоҳиш карда шавад, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон гузаронидани ҳама гуна санҷишҳоро дар бозорҳои шаҳри Душанбе мавқуф гузошта, минбаъд фаъолияти назоратию санҷишии худро, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ба роҳ монанд.
9. Муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф» ҷонибдорӣ ва тариқи воситаҳои ахбори омма ва Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» ба маълумоти ҷомеа, бахусус истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, расонида шуда, аз роҳбарони воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хоҳиш ба амал оварда шавад, ки онро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
10. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
11. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос намояд.
12. Масъулияти иҷрои Қарори мазкур дар бозорҳои хусусии дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолияткунанда ва корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе (Ахмедов М.Р.), «Бозори Деҳқон» ба Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.), «Бозори Саховат» ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) вогузор карда шавад ва аз Прокуратураи шаҳри Душанбе (Қодиров С.Г.) хоҳиш карда шавад, ки иҷрои Қарори мазкурро дар КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» назорат намояд.
М.УБАЙДУЛЛОЕВ