Азми қавии кишоварзон

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, дар ҷумҳурӣ кишти баҳории ғалладона шурӯъ шуд. Кишоварзони мамлакат мавсими тирамоҳ дар майдони 199 ҳазору 748 гектар гандуми тирамоҳӣ кишт намуданд, ки ин нисбат ба соли пешин ҳафт фоиз зиёд мебошад. Соли равон кишти баҳории ғалладона дар майдони 104 ҳазору 534 гектар мадди назар аст.

Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ кишти баҳорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар майдони 3 ҳазору 58 гектар, вилояти Суғд – 60 ҳазору 296 гектар, вилояти Хатлон – 17 ҳазору 821 гектар ва шаҳру навоҳии тобеи марказ – 23 ҳазору 359 гектар ба нақша гирифта шудааст.