Саломатӣ давлати бебаҳост. Агар инсон тандуруст набошад, молу сарвати дунё ва қасру мошин, дигар воситаҳои маишати рӯзгор барояш арзише надорад. Танҳо мехоҳад давое пайдо намояд, то дардашро таскин диҳад ва шифо ёбад. Барои барқарор кардани саломатӣ омода аст тамоми дороияшро сарф кунад.
Шахсе, ки чанд рӯз пеш ба идораи мо омад, дарду ранҷи зиёдро аз сар гузаронидааст, вале ноумед нагашта, ба Худо шукр мекунад ва аз пайи кори хайру савоб аст. Зимни пазироӣ вай танҳо хоҳиш кард, ки арзи миннатдории худу аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони пайванди гурда»-ро тавассути рӯзномаи «Садои мардум» ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев расонем.
-Дар муддати шаш соле, ки ташкилоти мо арзи вуҷуд дорад, танҳо муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев кумаки худро барои маъюбоне, ки ҷарроҳии вазнини гурдаро гузаронидаанд, расонид. Бо мусоидати ин ҷавонмарди саховатпешаю роҳбари кордон барои 14 нафар беморони шаҳри Душанбе маблағи 756 000 сомонӣ барои соли 2013 ҷудо карда шуд,-иброз дошт Сӯҳроб Шарипов.
Ӯ дигар хоҳише аз мо надошт, аммо зимни суҳбат маълум гардид, ки масъалаҳои зиёд, пеш аз ҳама, ҷамъиятӣ ӯро нигарон кардааст ва бо вуҷуди дардмандӣ аз пайи ҳалли онҳо ва кумак ба муҳтоҷон аст.
Сӯҳробро, ки алҳол 39 сол дорад, се сол дарди гурда азият медод ва барои табобат дар шаш беморхона бистарӣ буд. Ниҳоят ҷарроҳии пайванди гурдаро гузаронид ва ҳоло маъюби гурӯҳи 2-юм мебошад.
Вақте ки вай дар роҳи табобат ҳамаи ин мушкилотро аз сар гузаронид, баъди ба қадри имкон шифо ёфтан ба Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони пайванди гурда» аъзо шуд. Ин ташкилот дар шаҳри Душанбе соли 2008 созмон ёфтааст. Аз моҳи январи соли 2014 аъзои ҷамъият Сӯҳроб Шариповро сардори ташкилоти худ интихоб карданд. Вақте аз Сӯҳроб пурсидем, ки мақсад аз таъсис додани ташкилот аз чӣ иборат асту самтҳои фаъолияташ кадом, чунин посух дод:
- Нахуст мехоҳам тазаккур диҳам, шахсоне ки ҷарроҳии вазнини гурдаро аз сар гузарониданд, ба нигоҳубин, дору ва ғамхорӣ ниёз доранд. Яке аз мушкилии асосии чунин беморон дар он аст, ки доруҳои истеъмолмекардаи онҳо аз хориҷа, асосан Швейтсария, бо нархи гарон ворид мешавад. Аз ин лиҳоз ба ҳар як бемор лозим аст, ки дар як моҳ ба маблағи аз 4000 то 4500 сомонӣ дору харидорӣ кунад. Илова бар ин, ташхиси хуни чунин беморон мунтазам дар шаҳри Москва анҷом дода мешавад. Табиист, ки аксарияти онҳо имкони дарёфти чунин маблағро надоранд. Алҳол 140 нафар беморон — аъзои ташкилоти мо ба кумак ниёз доранд. Дар ин бора мо ба бисёр ташкилоту муассисаҳои дахлдор муроҷиат кардем, вале алҳол мушкилот ҳал нагардидааст. Тавре гуфтем, танҳо бо дастгирӣ ва мусоидати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои табобати як қисми беморон маблағ ҷудо шуд.
Роҳбарони Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони пайванди гурда» чанде пеш барои ҳалли мушкилоти мавҷуда бо дархост ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе муроҷиат карданд. Вобаста ба ин аз номи сардори раёсати мазкур Б. Муминов ба унвони муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Х. Олимов нома ирсол карда шуд, ки дар он, аз ҷумла зикр ёфтааст: «Шумораи чунин беморон дар соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба 32 нафар расидааст, ки онҳо бояд доимӣ дорувориҳои зарурӣ: Неорал, Селсепт, Парограф ва Майфортикро қабул намоянд. Дар дигар ҳолат хавфи кандашавии узви пайвандшуда ба амал омада, ба ҳаёти бемор таҳдид менамояд. Ба ҳисоби миёна барои як бемор дар як моҳ аз 3000 то 4500 сомонӣ маблағ лозим аст. Барои бо маводи доруворӣ таъмин намудани 32 бемор дар як сол 1 566 330 сомонӣ маблағ зарур мебошад».
Тавре аз суҳбат ва дигар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи С. Шарипов маълум мегардад, масъалаи мазкур то ҳол ҳалли хешро наёфтааст. Бинобар ин, аъзои ташкилоти зикргардида ба унвони Президенти мамлакат мактуб навиштаанд. Воқеан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид доштанд: «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат фаъолияти худро дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ ба роҳ монда, доир ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ба хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ мунтазам чораҷӯӣ намояд».
Шояд баъди хондани ин навиштаҳо ташкилот ва ё шахсони алоҳидае низ пайдо шаванд, ки хоҳиши ба маъюбони зикршуда кумак расонидан доранд. Бинобар ин, ба онҳо суратҳисоби ташкилотро пешниҳод менамоем:
ОАО «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе, КИБ 350101369, с/ҳ 20402972413691,
ТҶ (ОО) «Маъюбони пайвандони гурда», РМА 0300114855, ҳ/к 20202972116900026032
Б. Каримзода, «Садои мардум»