Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе самимияти худро ба роҳбарияти рӯзномаи «Садои мардум» эҳтиромона изҳор намуда, маълум менамояд, ки мақолаи хабарнигори рӯзнома Далер Мерганов бо унвони «Тамбашавии нақлиётро «даво» чист?» («Садои мардум» аз 19 октябри соли 2013 таҳти № 133 (3118) дар маҷлиси васеи кормандони Раёсат баррасӣ шуд.
Кайд кардан лозим аст, ки роҳбарият ва кормандони Раёсат пешниҳодҳои муаллифро қобили дастгирӣ шуморида, ҳама имкониятҳои мавҷударо ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда ба кори аз байн бурдани тамбашавии нақлиёт дар мавзеъҳои дар мақола зикргардида такони ҷиддӣ дода шавад. Аз тарафи кормандони Раёсат, тибқи нақшаи корӣ, давоми соли ҷорӣ дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, инчунин кормандони Раёсати БДА ВКД дар шаҳри Душанбе оиди ҳалли масъалаи зикргардида дар ин минтақаҳо борҳо корҳои санҷишӣ ва нозиротӣ гузаронида шудаанд. Аз ҷумла ба масъулини бозори «Деҳқон» ҳангоми вохӯриҳо оиди вобаста намудани шахсони мутасаддӣ барои таъмини ба тартиби муайян гузоштани воситаҳои нақлиёти гирду атрофи бозор дастурҳо дода шуд. Мушкилоти тамбашавии нақлиёт дар мавзеъҳои алоҳидаи пойтахт ва роҳҳои пешгирии он дар ҷаласаҳои назди муовини раиси шаҳри Душанбе, инчунин дигар ҷаласаҳо бо иштироки васеи кормандони соҳаи нақлиёти мусофиркашонии пойтахт мунтазам мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешавад.
Сарфи назар аз он ки тибқи Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва бартараф намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт бевосита ба салоҳияти кормандони Хадамот намедарояд, Раёсат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ намуда, барои рафъи ҳолати зикршуда кӯмаки амалӣ расонад.
Ф. КАРИМОВ, сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе