Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст. Ин мақомот тавассути ба амал баровардани назорати прокурорӣ иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар кишвар таъмин менамоянд. Мусаллам аст, ки мақомоти зикршуда дар баробари назорати риояи қонунҳо ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазо доранд.
Бо дарназардошти нақши муҳими ин сохтор боби нуҳуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти фавқуззикр бахшида шудааст. Дар сатҳи Конститутсия давлати демокративу ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ин ҳуқуқу озодиҳо пайгирона татбиқу таъмин карда мешаванд, дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол мебошад. Тоҷикистон оид ба таъмини волоияти Конститутсияву қонунҳо, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс ва дар асоси мустақилияту баробарӣ таъмин намудани принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамаи тадбирҳои заруриро, тибқи меъёрҳои муосир, амалӣ мегардонад, зеро меъёри мазкур мазмун ва самти ташаккули давлати демократӣ ва асоси ҳуқуқии таҳким ва пешрафти ҷомеаро муайян менамояд. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳадафҳои волои давлати демократӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ сиёсати дохиливу хориҷии имрӯзаи кишвар айни замон тавре тарҳрезӣ шудаанд, ки маҳаки асосии онро эҳтирому эътирофи принсипи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ташкил дода, тартиботи ҳуқуқиву волоияти қонун таъминкунандаи афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар гардидаанд. Табиист, ки дар ин раванд нақши Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар хеле муассир буда, маҳз ин ҳуҷҷати муҳим хатарҳое, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекарданд, рафъ намуда, барои аз вартаи фаношавӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузоштааст. Аз ҷониби дигар, Конститутсия ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид. Нақш ва аҳамияти ҳуҷҷати фавқуззикр дар он зоҳир мегардад, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз қабили асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, мақом ва салоҳияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мустақилияти ҳокимияти судӣ, ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор будани назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ доштани давлат ва ғайра возеҳу фаҳмо муқаррар гардидааст.
Тавре зикр шуд боби нуҳуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти прокуратура бахшида шудааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки айни замон муқаррароти мазкур дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардида истодааст. Табиист, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура вобастагии мустақим дорад. Бо дарназардошти ин омил дар моддаи 93-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд». Тавре аз моҳияти моддаи мазкур бармеояд, ба зиммаи мақомоти мазкур вазифаи хеле пурмасъулият вогузор шудаву раванди рушди ҳама бахшҳои ҷомеа ба сатҳ ва сифати иҷрои он рабт доранд. Дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳоди муҳиме, ки ба ташаккули арзишҳои демократии ҷомеа нигаронида шуда, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз фаъолияти муътадили он низ вобастагии амиқ дорад, мақомоти прокуратура мебошанд. Ҷамъ овардану баҳодиҳии далелҳо дар раванди таҳқиқу тафтишоти пешакӣ барои исботи дараҷаи гунаҳкорию бегуноҳии ашхоси гумонбар ва таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарордошта ва дар ин замина ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон низ бевосита аз меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст. Таҷлили 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ бист сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид. Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар таври возеҳ инъикос гардидаанд.Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад.Дар илми ҳуқуқ асоси пешрафти давлат, ташаккули ҷомеа ва инкишофи ғояҳои солими давлатдорӣ натиҷаи мавҷудият ва амалишавии меъёрҳо ва талаботи қонуни асосии ҳар як кишвар арзёбӣ шудааст. Аз ҷониби дигар, қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳилаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд. Имрӯз ба таърихи на чандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андохта, нақши муҳими Конститутсияро, пеш аз ҳама, дар таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон метавон таъкид кард.
Аз ин рӯ, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат додааст. Маҳз дар заминаи Конститутсия, бо дарназардошти талаботи замони муосир, дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки ин раванд барои рушди бонизому пурсамари самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин санади олии ҳуқуқӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфикру огоҳи кишвар имрӯз вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳо ин омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари дар мамлакат қабулгардида мебошад. Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад. Зеро имрӯз барои амалӣ сохтани ин ниятҳои нек аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароиту заминаҳои зарурӣ фароҳам шуда, танҳо бо сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳаммаромӣ ва заҳмати созанда метавонем мушкилоти мавҷударо паси сар намуда, бо ифтихор миллати худро, ки дар таърихи башар ҳамчун миллати сулҳпарвар, адолатхоҳу эҷодгар шинохта шудааст, ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар ҳидоят созем.
Шарифзода Мирзошариф Раҳмон, прокурори шаҳри Душанбе , Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3