Барномаи нави хизматрасонии тиббӣ

№46 (3192) 08.05.2014

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ оид ба оғози расмии татбиқи лоиҳаи Барномаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» баргузор гардид. Ин Барнома тибқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар ҳашт ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон давоми солҳои 2014 – 2019 амалӣ мешавад. Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсади  ин лоиҳа баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ тавассути ворид намудани усулҳои муосири  соҳаи тандурустӣ мебошад.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»