Баррасии барномаи коркарди нахи пахта

№53 (3038) 03.05.2013

ДУШАНБЕ. (Миҷгона  МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи коркарди пурраи нахи пахта  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда барои давраи то соли 2015» бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои соҳа ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар мавзуи «Роҳҳо ва воситаҳои зиёд намудани истифодаи иқтидорҳои  корхонаҳои коркарди нахи пахта»  мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷамъомад масъалаҳо доир ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати ҳар чӣ бештар дастрас будани ашёи  хом-нахи пахта ба корхонаҳои ресандагӣ ва дар ин асос  афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва иқтидорҳои  содиротии маҳсулоти тайёри пахтагин ба хориҷи кишвар баррасӣ гардид. Роҳбарон ва намояндагони  корхонаҳои истеҳсолӣ масъалаҳои дар соҳа мавҷударо зикр намуда, иброз доштанд, ки пайгирӣ ва ҳалли саривақтии онҳо ба беҳтар шудани нишондодҳои истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.