ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»)Кормандони масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз лагери муваққатии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ноҳияи Любертсии вилояти Москва таъсис дода шудааст, боздид намуданд. Тавре аз маркази матбуотии сафорат хабар доданд, лагери муваққатӣ барои нигоҳдории муҳоҷирони меҳнатие, ки бо ҷурми вайрон намудани тартиби сукунат дар Федератсияи Россия боздошт шудаанд, аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷират якҷоя бо Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия ташкил карда шудааст. Дар лагери мазкур теъдоди зиёди истиқоматгоҳҳои хаймагӣ барои боздоштшудагон омода гардидааст. Зимни омӯзиши вазъият дар лагери мазкур маълум гардид, ки теъдоди зиёди боздоштшудагонро беш аз 300 нафар шаҳрвандони Ветнам ташкил медиҳанд. Миёни боздоштшудагон даҳ нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳастанд.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон