ДУШАНБЕ. ( Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум») Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар кишвар 11 корхонаи хурди оҳакбарорӣ ба таври мавсимӣ кор мекунанд. Бо муътадил шудани обу ҳаво ва пайдо гаштани шароиту имконият моҳи феврали соли ҷорӣ 8-тои он аз нав ба фаъолият оғоз намуда, ба миқдори 78 тонна ё худ ба маблағи 37 ҳазор сомонӣ оҳак истеҳсол карданд, ки нисбат ба моҳи феврали соли гузашта зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки сол то сол теъдоди чунин корхонаҳо меафзояд. Моҳи феврал дар ноҳияи Хуросон боз як корхонаи нави оҳакбарорӣ- ҶДММ «Мирзомиддин» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 300 тонна оҳак ба фаъолият оғоз кард. Дар ин коргоҳ даҳ нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар ноҳияи Ғончӣ аз ҷониби ҶДММ «Спитамен» сохтмони як корхонаи оҳакбарорӣ бо технологияи муосир дар арафаи анҷомёбӣ буда, бо иқтидори 20 ҳазор тонна ва таъсиси 50 ҷойи корӣ рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз менамояд.