ДУШАНБЕ. ( Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Аз аввали моҳи июли соли равон дар маркази таълимии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар ҳамкорӣ бо Фонди Шпаркассештифтунги Олмон семинари омӯзишӣ барои коромӯзони филиалҳои минтақавии бонк дар шакли таҳсилоти дуалӣ ба кори худ оғоз намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти бонки мазкур, дар семинар тӯли шаш моҳ коромӯзон дарсҳои назариявиро аз худ карда, қисмати таҷрибавии таълимро дар филиалҳои бонк мегузаранд. Бояд гуфт, ки таҳсилоти дуалӣ дар ҷаҳони муосир ҳамчун яке аз шаклҳои муосир ва хеле самараноки таҳсил васеъ паҳн мешавад. Таҳсилоти дуалӣ гуфта, ҷараёни таълимии омехтаро меноманд, ки дар он қисмати назариявӣ бо қисмати таҷрибавии таълим омӯхта мешаванд.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон