Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ мебошад ва ба қавле ақаллан даҳ фоизи он ҳанӯз мавриди коркарду истифода қарор нагирифтааст. Пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дараҷаи баландшавии сатҳи зиндагии мардум бошад, пеш аз ҳама, аз бозёфту мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани сарватҳои зеризаминӣ вобастагӣ дорад.
Тавре зимни суҳбат муовини аввали сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонбек Бахтдавлатов иброз дошт, дар баробари дигар идораҳои масъул Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар саҳм мегирад. Бо талошҳои пайваста ва ҳамкорӣ бо дигар ширкатҳо дар кишвар чандин конҳои нави канданиҳои фоиданок кашф ва мавриди омӯзишу коркард қарор гирифтаанд. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯйи 38 лоиҳа ба маблағи 7,3 миллион сомонӣ ва корҳои шартномавиро аз рӯйи 144 лоиҳа дар ҳаҷми 9875522 сомонӣ иҷро намудааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ дар самти истифодаи қаъри замин соли 2012 дар 27 кони канданиҳои фоиданок, аз ҷумла дар як кони тилло, се кони оҳаксанг, шаш кони гил, 14 кони регу шағал, як кони мармар, як туфопесчаник ва як гилҳои аргилитӣ корҳои иктишофӣ — геологӣ гузаронида, захираҳои онҳо ҳисобӣ ва ҳисоботҳо дар Шӯрои илмӣ- техникии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, захираҳои ҳисобишуда ба Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок барои тасдиқ пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо 11 адад таҷҳизоти нави замонавӣ харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки маблағи умумии он 984240 сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани манбаъҳои маводи нафту газӣ аз ҳама зарур аст, ҳарчанд дигар намуди канданиҳои фоиданок дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат нақши худро доранд. Бино ба баъзе маълумотҳо, дар ҷумҳурӣ дар бархе аз майдонҳо конҳои дорои захираашон 30 миллиард метри мукааб газ тахмин мешавад, ки агар захираи яке аз ҳамин конҳоро истифода барем ва соле то як миллиард метри мукааб газ истеҳсол кунем, аз ниёзмандӣ ба гази воридотӣ сӣ сол раҳойӣ хоҳем ёфт.
Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт эҳсос мешавад, ки мо инро дар пешниҳод намудани майдонҳои ояндадор ба чунин ширкатҳо, ба монанди «Газпром»- и Федератсияи Россия, «Кӯлоб Петролеум Лимитед»- и Америка ва Ширкати муштараки «Somon – Оil» барои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйӣ ва иктишофӣ мебинем.
Ҳамзамон Раҳмонбек Бахтдавлатов зикр намуд, ки бино ба пажӯҳишҳои худӣ ва ширкатҳои номбурда, ки ба кашфу истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон машғул мебошанд, дар ҷумҳурӣ захираи сӯзишвории шартӣ бештар аз як триллион тонна пешгӯйӣ карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир Ширкати «Кӯлоб Петролиум Лимитед» барои кашфу истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ба маблағи 19 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Инчунин иҷозатномаҳо барои бурдани корҳои омӯзиши геологӣ ба ширкатҳои «Ангара» (қитъаи Гургчашмаи кони гаҷсанги Шаршар), «Фирдавс Аҳмадшоҳ» (зуҳуроти мармари Кабутӣ-2), «Ҳашт ҳолати фосфоритҳо» (зуҳуроти фосфоритҳои Ғузн ва Боғчечак) ва бисёр дигарҳо барои бахшҳои дигари канданиҳои фоиданок дода шудаанд.
Ҳоло Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ширкати «Майкромайн» (Австралия) барои анҷоми чунин корҳо шартнома ба имзо расонида, ҳашт барномаи иҷозатномавии «Майкромайн» ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд ва 20 нафар мутахассисони соҳа бо курси омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд.
Тибқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва маъдани Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки моҳи январи соли 2010 дар ҳузури президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расида буд, Маркази нави фановарии иттилоотӣ ба истифода дода шуд. Айни ҳол маркази мазкур ба ҳалли масъалаҳои соҳа шуруъ намудааст ва дар ҳамбастагӣ бо ҳамтоёни эронӣ дар бахшҳои гуногун, аз қабили геоматика ва фановарии иттилоотӣ, сейсмотектоника, ҷустуҷӯю иктишоф, магматизм ва вулқоншиносӣ, стратиграфия, омӯзиши кӯлҳо ва заминшиносии тиббӣ фаъолият дорад.
«Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти истифодабарии қаъри замини Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин» ба имзо расидааст. Дар доираи ин Меморандум Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор институтҳо ва сохторҳои Федератсияи Россия оид ба лоиҳаҳои гуногуни соҳавӣ ҳамкорӣ мекунад. Аз соли 2009 инҷониб дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти геологии Финляндия ҳамкориҳо идома доранд.
Дар асоси Созишнома байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба гузаронидани корҳои муштараки омӯзиши геологии ҳудудҳои наздисарҳадӣ ва ҳангоми омӯзиши маводҳои минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки дар бисёр масъалаҳо нисбати сохти геологии ин минтақаҳо фарқиятҳо вуҷуд доранд.
Бо мақсади иҷрои корҳои мазкур ва амалӣ гардонидани талаботи созишномаи баимзорасида мутахассисони Хадамоти геологии Ҷумҳурии Халқии Хитой якҷоя бо мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 30 геологҳои ҷавони Тоҷикистон ва 15 роҳнамоёни ҷавон аз ҳисоби мактаббачаҳо дар минтақаҳои мазкур корҳои геохимиявӣ гузаронданд.
Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории илмию техникӣ дар соҳаи илмҳои геологӣ ва захираҳои табиӣ ҳамкориҳо дар бахши баҳодиҳии иқтисодии захираҳои табиӣ ба роҳ монда мешавад. Алҳол корҳои маслиҳатӣ анҷом ёфтааст ва дар рӯзҳои наздик курсҳои омӯзишӣ оғоз меёбанд.
- Аз рӯйи нақша Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар соли 2013 ҳам аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби шартномаҳо корҳои экспедитсиониро ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ба анҷом расонад. Соли ҷорӣ дар объекти «Иктишофи қаблии ашёи сементии кони Чакагӣ» -и шаҳри Ваҳдат ва зуҳуроти Хукаси ноҳияи Дарвоз корҳо идома меёбанд. Саридора барои бурдани корҳои мушоҳидавӣ аз рӯйи равандҳои хатарноки геологӣ соли равон дар вилояти Суғд теъдоди мутахассисонро зиёд намуда, корҳои геологиро дар минтақаи Зарнисори Шимолӣ бо Ширкати кӯҳӣ — саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой давом медиҳад. То нимсолаи соли 2013 корҳо аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ ба анҷом хоҳад расид,- гуфт дар поёни суҳбат Раҳмонбек Бахтдавлатов.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»