Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муддати кӯтоҳи мавҷудияташ миёни омма маҳбубият пайдо кардааст, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз панҷуми марти соли 2008 таъсис ёфт. Бино ба гуфти директори он Алишер Фаромӯзов, аз рӯзи ба фаъолият оғоз намудан то имрӯз вазифаи асосии марказ фаро гирифтани шаҳрвандон ба омӯзиши касбҳои ҷавобгӯй ба талаботи бозори умумиҷаҳонии меҳнат мебошад.
-Солҳои аввали таъсисёбӣ мақсади асосӣ аз ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармояи ташкилотҳои кӯмакрасони хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда бо мақсади мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ, такмили ихтисоси кормандон, таҳия намудани барномаҳои таълимии наву замонавӣ иборат буд, — гуфт А. Фаромӯзов ва афзуд:- Ин тарзи кор имконият дод, ки дар муддати панҷ сол шумораи марказҳои касбомӯзӣ аз 4 — тои соли 2008 дар соли 2012 ба 21 адад расад, инчунин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ филиалҳои «Маркази таълими калонсолон» ифтитоҳ ёбад. Зикр кардан бамаврид аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 25 филиал, 24 намояндагӣ ва 27 маркази соҳибкорӣ мавҷуданд, ки дар назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират фаъолият доранд.
Тавре аз гуфтаҳои Алишер Фаромӯзов маълум шуд, то ташрифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин макон, ки соли 2010 сурат гирифта буд, дар марказ асосан бекорон касб меомӯхтанд, аммо аз ҷониби Сарвари давлат дар назди масъулин вазифа гузошта шуд, ки ҳамасола то 100 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ фаро гиранд. Ин супориши Сарвари давлат зина ба зина амалӣ гашта истодааст. Агар дар соли 2010 –ум ҳамагӣ 12 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ соҳибкасб шуда бошанд, ин рақам дар соли 2011 ҳаждаҳ ҳазор, соли 2012 зиёда аз 53 ҳазор ва даҳ моҳи соли равон 86 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ҳоло базаи моддӣ-техникии «Маркази таълими калонсолон» мустаҳкам буда, бо нуҳ ташкилоти байналмилалӣ ҳамкорӣ доранд, ки Ҷамъияти ҳамкориҳои Олмон, Агентии ҳамкориҳои байналхалқии Туркия, Хазинаи аврупоии таҳсилот, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират аз ин ҷумла мебошанд. Дар доираи ин ҳамкориҳо якчанд нафар кормандони марказ дар Ҷумҳурии Федеративии Германия аз рӯйи ихтисоси таъмири автомобил такмили касб карданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар «Маркази таълими калонсолон» таълим аз рӯйи 48 ихтисос сурат мегирад. Шахсоне, ки ҳамчун бекор аз тарафи давлат ба қайд гирифта шудаанд ва бо роҳхати Агентии давлатии шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират барои касбомӯзӣ меоянд, аз ҷониби муассисаи зикршуда барои бо ҷойи кор таъмин шуданашон мусоидат карда мешавад. Бино ба гуфти масъулин, имрӯз то чил фоизи чунин шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.
-Ғайр аз ин, қарзҳои имтиёзнок дорем, ки дар ҳолати аз ҷониби шаҳрвандон пешниҳод шудани лоиҳа барои амалӣ гардонидани он дар якҷоягӣ бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба хотири пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ маблағи муайян ҷудо мекунем»,- гуфт дар идомаи суханаш Алишер Фаромӯзов.
Ба хатмкардаҳои «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» шаҳодатномаи давлатӣ дода мешавад, ки дар дигар давлатҳо низ эътироф гаштааст. Азбаски дар номи маркази зикршуда калимаи «калонсолон» мавҷуд аст, сокинони мамлакат гумон мекунанд, ки барои таҳсил дар он ҷо маҳдудият мавҷуд бошад. Вобаста ба ин паҳлуи масъала номбурда гуфт, ки ҳар нафаре, ки ҳуқуқи ба бозори меҳнат шомил шудан дорад, метавонад дар ин ҷо таҳсил кунад: «Ҳатто хонандагони мактаб дар давоми таътил ё баъди дарс омада, ягон касбро меомӯзанд, ки мо барои онҳо ҳамчун комбинати таълимӣ моделҳои нави омӯзишро таъсис додаем, ки аз таълими калонсолон фарқ мекунад»,- ибрози андеша намуд Алишер Фаромӯзов.
Дар робита ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон оиди интихоби ихтисосҳои дар марказ мавҷуда масъулин изҳор доштанд, ки талабот ба ҳама касбҳо зиёд аст, аммо яке аз ихтисосҳои беҳтарин сантехникӣ мебошад, ки дар бозори меҳнат талабгори зиёд дорад, вале дар мафкураи мардуми мо нисбати ин касб андешаи нодуруст ҷой гирифтааст. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки номи ин касбро дигар кунем, масалан, мутахассиси истифодаи об ё ягон номи дигар, ки нисбати ин касб мафкураи мардум низ тағйир ёбад.
Давоми панҷ соли фаъолияти «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» зиёда аз 180 ҳазор нафар онро хатм карда, бо касби гуногун таъмин шудаанд. Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки ин муассиса ва дигар марказҳои монанд ба он барои соҳибкасб шудани шаҳрвандон саҳми босазо мегузоранд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»