Аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳабдаҳ сол сипарӣ гардид. Баъд аз ин рӯйдоди муҳим фаъолияти идораю муассиса ва корхонаҳо тадриҷан барқарор гардида, рушд намуд. Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов доир ба ин масъала чунин ибрози назар кард:
- Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ то расидан ба ин рӯзҳои нек мушкилиҳои зиёдеро паси сар кардааст. Авиаторон дар доираи системаи ягонаи нақлиётии мамлакат барои давра ба давра наздик сохтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва расидан ба сулҳу субот заҳматҳо кашидаанд.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе воқеан дарвозаи асосии кишвар аст, зеро қабул ва гусели меҳмонони баландпояи давлатӣ, ҳайатҳои парлумонӣ, меҳмонони дигари расмӣ ва гурӯҳҳои сайёҳӣ маҳз дар ҳамин макон сурат мегирад. Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамеша барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасониҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо дастгирӣ, дастур ва ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба яке аз фурудгоҳҳои пешрафта ва замонавии минтақа табдил ёфтааст.
Тавре маълум аст, гуфтушунидҳо бо мухолифин дар кишварҳои дуру наздик баргузор мегаштанд. Табиист, ки барои таъмини парвози бехатари ҳайати музокирот ба ин ё он кишвар заҳмати зиёд сарф мешуд ва хушбахтона, кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз уҳдаи кор мебаромаданд. Дар баробари амалӣ намудани парвозҳои маъмулӣ, ба вазъи мушкили молиявии ҳамон солҳо нигоҳ накарда, авиаторони тоҷик барои кушодани хатсайрҳои нав талош мекарданд.
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳаи авиатсия, хосса фурудгоҳҳо чунин иброз доштанд: — «Дигар самти муҳими тавсеаи имкониятҳои коммуникатсионии кишвар соҳаи хизматрасонии авиатсионӣ буда, зиёд намудан ва ҳозиразамон гардонидани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ зарур мебошад». Ин суханони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дастури кории худ намуда, роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ тамоми чораҳоро меандешад. Давоми як сол зиёда аз 70 фоизи парки техникии фурудгоҳ нав карда шуд. Техникаи муосири авиатсионӣ имкон медиҳад, ки ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон дар сатҳи хуб ва сифати баланд хизмат расонида шавад.
Бо ҳидоят ва дастгирии Сардори давлат сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати сохтмонии «Винчи»- и Ҷумҳурии Франсия бунёд мегардад, дар арафаи анҷомёбист. Дар назар аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани терминали нав сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ба маротиб боло хоҳад рафт.
Тасмим гирифтаем, бо ба истифода додани терминали нави мусофирбарӣ ба сохтмони терминали боркашонӣ шурӯъ намоем, зеро қудрати истеҳсолӣ- содиротии кишвар сол аз сол зиёд мегардад.
Нақшаҳои ояндаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хеле зиёданд. Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақом ва манзалати худро соҳиб шудааст ва ин моро водор месозад, ки доираи хизматрасониҳои фурудгоҳро васеъ намуда, имкон фароҳам биёрем, ки аз минтақаҳои дуру наздик ба шаҳри Душанбе парвозҳо анҷом дода шаванд. Авиатсия минтақаҳо ва дилҳоро ба ҳам мепайвандад ва дар амалӣ намудани ин самт кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бояд саҳмгузор бошанд.
Таҳияи Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»