Бо иқдоми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «ВАО-муқобили коррупсия» гузаронида шуд.
Дар озмуни имсола рӯзномаҳои «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод, «Насими Исфара»-и шаҳри Исфара, «Ҳақиқати Ховалинг»-и ноҳияи Ховалинг, «Садои Конибодом»-и шаҳри Конибодом, «Новый Хатлон»-и вилояти Хатлон, «Согдийская правда»-и вилояти Суғд ғолиб дониста шуданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»