Дуюми сентябри соли 2014 дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Душанбе бо иштироки хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ брифинг баргузор шуд.
Дар оғози брифинг Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжуан оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитой сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки ҳанӯз соли 1992 – замони истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Хитой яке аз аввалинҳо шуда, онро ба расмият шинохт ва ҳайати кориро ба Тоҷикистон равон намуд. Мо дар остонаи ду санаи бузург — 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай қарор дорем. Зикр гардид, ки соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Созмони Ҳамкории Шанхайро ба зимма дорад, ки ин барои Сарвари давлати Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва халқи куҳантаърихи тоҷик соли таърихӣ хоҳад гардид.
Ташкил шудани Созмони Ҳамкории Шанхай, пеш аз ҳама, дӯстиву рафоқатро миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшид. Мавсуф ёдовар шуд, ки Созмони Ҳамкории Шанхай, ки пештар «Панҷгонаи Шанхай» ном дошт, ҳамчун ташкилоти бонуфузи минтақавӣ дар заминаи эътимод ва ҳусни тафоҳум арзи ҳастӣ карда, масъалаҳои ҷиддитарини рӯзмарраи давлатҳои аъзоро ба баррасӣ гирифтааст.
Фан Сянжуан ҳамчунин зикр кард, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин бо сафари нахустини давлатии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ҷараёни ин сафари давлатӣ имзои як қатор созишномаҳои нави ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маориф дар назар аст.
Фан Сянжуан муносибатҳои ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар тамоми соҳаҳо дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, муътақид аст, ки сафари Си Сзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихӣ ва пураҳамият хоҳад буд.
М. ЗОКИР,«Садои мардум»