Шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сол то сол кам мешавад. Ҳоло дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе онҳо ҳамагӣ 22 нафарро ташкил медиҳанд, ки як нафари эшон зан аст. Хабарнигори мо кӯшидааст, каме ҳам бошад, дар бораи ду нафари онҳо ба хонандагони рӯзнома маълумот пешниҳод намояд.
Ӯ пулемётчӣ буд
Соли 1943, дар 21- солагиаш ба номи Ҷумъа Усмонов даъватномаи комиссариати ҳарбӣ омад. Дар шаҳри Семипалатински Ҷумҳурии Қазоқистон ба ӯ ва ҳамроҳонаш ду моҳ дарси пулемётчигиро омӯхтанду баъдан ба Фронти якуми Беларус фиристоданд. Мавсуф дар муҳорибаҳо барои озод намудани шаҳри Донетски Украина ярадор шуда, ба госпитал афтод. Баъд аз табобат ба Фронти дуюми Беларус, ки фармондеҳии онро генерал Рокоссовский ба уҳда дошт, фиристонда шуд.
Дар озод намудани Чехословакия ва Полша ширкат намуда, то ба Берлин рафт. Ӯ яке аз лаҳзаҳои ҳаёти ҷангиашро ба ёд оварда, чунин нақл кард: «Байни сарҳади Чехословакия ва Германия дарёи Одер — Найне ҷорист. Вазифаи мо озод намудани шаҳри бандарии Штатен буд. Ин давлатҳоро пули ҳамин дарё бо ҳам мепайваст, ки ҳангоми бомбаборон намудан хароб гашта буд ва моро лозим омад, ки дарёро убур намоем. Тайи ду шабонарӯз ин ҷо ҷанги шадид ба вуқӯъ пайваст. Дар тӯли ин муддат мо танҳо ду бурда нон хӯрдаему халос. Ахиран, баъди ҷанги сахт, мо дарёро гузаштем ва шаҳрро озод намудем. Аз Берлин 100-150 км. дуртар рафта, шаҳри Бартро низ озод кардем. Ин ҷо бо қӯшунҳои амрикоӣ ва англисҳо вохӯрда, ғалабаро дар ҳамин ҷо ҷашн гирифтем. Баъд аз 15 рӯз ба сарҳади СССР омадем».
Баъд аз ҷанг бобои Ҷумъа омӯзишгоҳи Вазорати корҳои дохилиро хатм намуда, дар сохторҳои он кор кард. Ҳоло ба синни мубораки 92 расидааст ва дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.
Зани ҷанговар
Нафари дигареро, ки мо дар борааш нақл карданием, як нафар бонуст ва номи ӯ Леокадия Ковтун аст. Ӯ соли 1927 дар шаҳри Бахови Ҷумҳурии Беларус ба дунё омадааст. Соли 1942 ҳангоми духтараки хурд буданаш ба дастаи партизанҳо рафт, ки роҳбари ин даста капитан Георгий Сазонов буд. Бинобар хурдҷусса будан ӯро ба гурӯҳ қабул накарданд. Лекин командир ҷасорату чусту чолокӣ ва боварии қатъии ин духтаракро дида, ӯро ба дастаи разведкачиён ворид кард. Ҳамаи вазифаҳоеро, ки роҳбар ба ӯ медод, хеле хуб аз уҳдааш мебаромад. Дар муддати кӯтоҳ ҳама Леокадияро дӯст доштанд ва дар байни партизанҳо бо лақаби «Ляля» машҳур гашт. — Баъдан дастаи моро ба дастаи машҳури партизании ба номи Сергей Лазо, ки дар Фронти амалкунандаи Смоленск буд, ҳамроҳ карданд. Баъд аз ҳамроҳшавӣ мо истгоҳи «Понитовка» — ро аз фашистон озод кардем. Аз сабабе, ки ҳамшираҳои шафқат намерасиданд, аз курси кӯтоҳмуддати тиббӣ гузаштам ва ба взводи автоматчиҳо дохил шудам, — ба ёд меорад ӯ… Леокадия андаке ба андеша рафта, боз идома дод: — Ғалабаро мо дар Украина ҷашн гирифтем. Баъд аз ҷанг ман ба Донишкадаи кимиёи шаҳри Киев дохил шудам ва баъд аз хатми он маро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карданд.
Муддати 30 сол дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардам. Дар ин ҷо бахти худро ёфтам ва Тоҷикистон ватани дуюмам шуд.
Леокадия Дмитриевна бо медали «Партизани дараҷаи 1», ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Бешак, ҳаёти чунин шахсони фидоӣ барои мо ва наслҳои оянда дарси ибрат хоҳад шуд. Ба қадри чунин шахсон бояд расид, зеро онҳо барои озодии мо ҷангидаанд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»