ДУШАНБЕ. ( Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум») Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Ҳазрат Умар Заҳирвол мулоқот баргузор намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва инчунин масъалаҳои вобаста ба татбиқи Лоиҳаи хати барқи САSSА-1000, лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ХИБ- 500 кВт Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва ХИБ- 500 кВт Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон, хатҳои газгузари байнидавлатӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳо дар ин бахш ба манфиати тарафайн судманд хоҳад буд.