Хориҷ гардидани неруҳои низомии НАТО ва ИМА аз Афғонистон ва масъалаи сулҳу амният дар кишвар

№107 (3092) 27.08.2013

Мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тақрибан сиву панҷ сол дар вазъияти муташанниҷ дар шароити ногувор, тоқатфарсо ва азобу уқубат қарор доранд ва ташнаи барқарории сулҳу амният дар кишваранд. Маълум аст, ки барои ба миён омадани чунин вазъият дар кишвар омилҳои гуногун вуҷуд доштанд ва доранд.

Барои барқарории сулҳ ва субот дар вазъияте, ки  Афғонистон қарор дорад, чанд омил арзи вуҷуд менамоянд, ки садди роҳ мегарданд ва ҳар кадоми онҳо дар давоми ҷангу ҷидоли тӯлонӣ дар Афғонистон нақши хоси хешро доранд.

Ин омилҳо иборатанд аз мавқеи стратегии Афғонистон ва рақобати абарқудратҳои ҷаҳон барои дар ихтиёр доштани ин мавқеъ, сермиллат будани Афғонистон ва саъю талоши намояндагони миллатҳо ва қавмҳои гуногун барои ба даст овардани қудрат дар кишвар, мавҷудияти шумораи зиёди мардум аз назари қавмӣ ва фарҳангии воҳид дар кишварҳои ҳамсоя ба Афғонистон, чун Покистон, Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва дар ниҳоят мавҷудияти равияҳои гуногун ба иртиботи системаи идораи давлат дар барқарории сулҳ дар Афғонистон.

Чунин ба назар мерасад, ки яке аз муҳимтарин омил дар барқарории сулҳ ва оромӣ дар Афғонистон масъалаи таъини мақоми миллатҳо ва қавмҳои сокини Афғонистон ва ё минтақаҳои кишвар дар идораи умури давлат ва муҳайё  сохтани шароити мусоиди зиндагии мардуми ин кишвар  мебошад.

Тавре ки аз таърихи кишварҳои Осиёи Марказӣ маълум аст, дар давраҳои муайян мардуми давлатҳои ин минтақаро барои дифоъ аз худ дар мубориза бо бегонагони дини ислом бо ҳам пайванд менамуд ва як неруи бузурги муттаҳидкунандаи мардум ба шумор мерафт ва меравад. Аз миёнаҳои қарни XIX мелодӣ, ҳангоме ки ду абарқудрати вақт, яъне Англия ва Россия саъй ва талош менамуданд, ки нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ тавсеа диҳанд ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро қувваи хориҷии ғайри дини ислом таҳдид менамуд, мақомоти ин кишвар рӯ ба масъалаҳои ақидавӣ меоварданд. Масалан, дар ин давра буд, ки Дустмуҳаммадхон аз ҷониби руҳониён лақаби «амиралмуъминин»-ро гирифта  ва баъдан ба ҳидояти амир Абураҳмонхон бо мақсади ваҳдати мардуми Афғонистон китобе бо унвони «Тақвим- уд-дин» ба нашр расида буд.

Ба ин иртибот, бо талаб ва тақозои роҳбарияти вақти кишвар, дохил гардидани қувваҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1357 (1978 мелодӣ) ба Афғонистон низ мисоли равшан шуда метавонад.

Бар асоси муоҳидаи Женева (11 апрели соли 1988) хориҷ шудани неруҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон, ин василаи иттиҳодкунандаи миллатҳо ва мардумони сокини Афғонистон буд, ки нақши хешро анҷом дод.  Аммо байни гурӯҳҳои гуногун, марбут ба  миллату қавмҳои сокини кишвар,  зери шиори ислом, ҷиҳати дастёбӣ ба қудрати идораи давлат дар Афғонистон ҷангу ҷидол шиддат ёфта буд. Тавре ки маълум аст, дар ин ҷангу ҷидол ҷонибдорони Мулло Муҳаммад Умар, ки аз тарзи идораи давлат бар пояи идеологияи бунёдгаройи динӣ, бо назардошти вазъияти мушкили иқтисодию  иҷтимоӣ,  пайравӣ менамуданд ва аз ҷониби неруҳои хориҷӣ аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ  мешуданд, дастболо гардиданд. Фаъолияти ин гурӯҳ, яъне «Ҳаракати исломии толибон»  устувор бар пояи баргашт ба ибтидои ислом буд ва ба масъалаи мавҷудияти миллатҳои гуногун дар кишвар таваҷҷуҳи лозима зоҳир намешуд ва ҳатто бархӯрди хасмона дар муқобили осори тамаддуни буддоӣ, ки ба назарашон хилофи ақоиди дини ислом аст, бархостанд ва онҳоро бо истифода аз тӯп аз байн бурданӣ мешуданд. Ба гуфти мушоҳидакунандагони он замон, шиорҳои Афғонистон танҳо барои афғонҳо, тоҷикон ба Тоҷикистон, ӯзбекҳо ба Ӯзбекистон ва ҳазораҳо ба гӯристон раванд, аз ҷониби тарафдорони «Толибон» дар миён гузошта шуданд. Бо гузашти муддате амалҳои хилофи талабу тақозои замони «Толибон»  норизоиятиро дар дохили кишвар ва хориҷ аз он ба миён овард,  ки он пас аз ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Шимоли Афғонистон,  дар натиҷаи  амалиёти зидди терроризми ИМА дар Афғонистон ба авҷи аълояш расид ва тарзи давлатдории «Толибон» -ро дар Афғонистон аз байн рабуд. Аммо, бояд зикр намуд, ки баробари аз сари қудрат барканор намудани «Толибон» талабу тақозои низоми  пешниҳоднамудаи  онҳо аз байн нарафта буд.

Омили дини ислом дар идораи давлат ба тартибе, ки пешниҳод мешуд, дар ваҳдати мардум нақши худро батадриҷ аз даст медод. Аммо бояд гуфт, ки мавҷудияти неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон, пас аз байн бурдани режими  «Толибон», заминаро барои таҳти шиори динӣ муттаҳид намудани мардум дар муқобили ҳукумати  Ҳомиди Карзай, ки баъди ин ҳодиса  дар машварати Бонн рӯйи саҳна омада буд, боқӣ гузошт.  Ин мавзуи ҷудогона аст, вале як чизро бояд зикр намуд, ки «Толибон»  ба масъалаи мавҷудияти миллатҳо ва қавмҳои гуногун дар кишвар ва мақоми онҳо дар умури давлат таваҷҷуҳ надоштанд ва аз мазеи якҷониба пайравӣ менамуданд.

Яке  аз омилҳои муҳим, ки сабаби беҳ нагаштани вазъият дар Афғонистон мебошад, ин мавзуъи равшан набудани ширкати намояндагони миллатҳо ва қавмҳои сокини Афғонистон дар идораи умури давлат аст. Таърихи ҳодисаҳои солҳои охири Афғонистон аз ин ҳолат гувоҳӣ медиҳанд. Султоналӣ Киштманд, Сарвазири собиқи ҶДА, дар мусоҳиба бо хабарнигори Би-би-си соли 1992 изҳор дошта буд, ки «кишвар (Афғонистон-М.Г) танҳо вақте воҳид ва осоишта мегардад, ки ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ таъмин мегардад ва роҳбарияти пуштун ҳокимиятро бо дигарон тақсим менамояд».

Ба ибораи дигар, метавон гуфт, ки дар шароити феълӣ, масъалаи тақсими воқеъбинонаи қудрат байни намояндагони миллатҳои кишвар муҳимтарин омили барқарории сулҳ дар Афғонистон хоҳад буд. Мавзеъгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид  маълум буд ва маълум аст. Намояндагони он дар конференсияҳо ва ҷамъомадҳои байналмилалӣ муқарраран таъкид менамуданд, ки ба манзури оромӣ ва осоиш дар кишвар ва минтақа  дар Афғонистон бояд  кӯшиш намуд, ки Ҳукумат фарогири тамоми миллатҳо ва ақвоми сокини кишвар бошад. Вале, фарогирии тамоми миллатҳо ва ақвоми сокини кишвар дар идораи он аз кадом тариқ бояд сурат гирад, мушаххас нест. Ин мавзуъ бояд ба таври дақиқу  ҳамаҷониба,  бо дарки воқеияти шароити кишвар баррасӣ гардад ва дар мавриди он тасмими ниҳоӣ гирифта шавад.

Тавре ки маълум аст, Афғонистон кишвари сермиллат аст. Дар Афғонистон беш аз бист миллат ва қавм зиндагӣ доранд, ки аз назари шумора бештаринашон паштунҳо, тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва балучҳо мебошанд.

Аз замони ташкили давлати Афғонистон, бо сарҳадоте, ки имрӯз вуҷуд доранд, то солҳои охир қудрати давлатӣ асосан дар ихтиёри як қавм, яъне қавми паштунҳо қарор дошт ва дар тамоми вилоятҳо ва ноҳияҳо вазифаҳои асосии ҳукуматӣ аксаран дар дасти намояндагони ин қавм буд, ки як силсила имтиёзот доштанд. Ин ҳол норозигии қавмҳо ва миллатҳои дигари сокини Афғонистонро ба миён овард, ки инъикоси хешро дар фаъолияти наҳзатҳои миллӣ — демократии Афғонистон дар солҳои  50-70-и асри XX ёфта буд.

Бояд зикр намуд, ки талаби наҳзатҳои миллӣ-демократии кишвар дар мавриди ширкати намояндагони миллатҳо ва қавмҳои сокини кишвар дар идораи умури давлат, яъне тақсими қудрат байни намояндагони миллатҳо ҳалли худро пайдо нанамуда буд.

Мавҷудияти қувваҳои низомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон тарафдорони ин талаботро ба ҷониби хеш ҷалб намуда буд. Вале баъд аз хориҷ гардидани қувваҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон ва ба миён омадани масъалаи ташкили ҳукумат мавзуи ширкати намояндагони миллатҳо ва қавмҳо дар идораи умури давлат бо неруи ҷадид қомат афрохт.

Вале бо вуҷуди ин, мавзуи марбутияти динӣ ва мазҳабии ин ё он қавм ва миллат дар ҳалли масъалаи вуҷуддошта, яъне тақсими қудрат байни намояндагони қавмҳо ва миллатҳо ба андозаи бояду шояд ҷавобгӯйи талаботи мавҷуда набуд. Зеро, ин омили бузурги иттиҳодкунандаи мардуми Афғонистон, ба андозаи имкон аз ҷониби тарафҳои даргир, ҳамчун қувваи ҷозиба мавриди истифода қарор гирифта буд. Тарафҳо ҳамдигарро ба адами риояти усулҳои башардӯстонаи дини ислом гунаҳкор месохтанд ва ҷанг идома дошт ва мардуми бегуноҳ аз байн мерафт. Ин вазъият батадриҷ ба аз байн рафтани сулҳу осойиш дар минтақа оварда мерасонд.

Барои он ки дар Афғонистон сулҳ ва оромӣ барқарор гардад ва пеши роҳи нофаҳмиҳое, ки муҷиби ҷанги дохилӣ дар Афғонистон мегарданд, гирифта шавад, бояд тарзи идории давлати Афғонистон ба таври ногузир таҷдиди назар гардад. Маълум аст, ки таҷдиди назар дар тарзи идории давлат ниҳоят мушкил аст.

Аммо барои он ки дар кишвар сулҳ ва оромӣ барқарор гардаду миллатҳо ва қавмҳои сокини кишвар дар дохили як давлати воҳиди Афғонистон бидуни ҷангу ҷидол ва бар пояи ҳамдигарфаҳмӣ  зиндагӣ дошта бошанд, ин талаб ва тақозои охири қарни XX ва оғози қарни XXI -ро бояд қабул намуд.

Дар иртибот ба ин мавзуъ ду роҳи берун шудан вуҷуд дорад, ки яке дигареро такмил медиҳад.

Роҳи аввал, гузаронидани интихоботи озод, ки интихобкунандагон аз тамоми миллатҳо ва қавмҳои сокини Афғонистон ширкат дошта бошанд. Аз тариқи гузаронидани интихобот бояд эътилофе аз ҷумлаи намояндагони миллатҳо ва қавмҳо ташкил гардад. Аммо бояд гуфт, ки ташкили ҳукумати эътилофӣ танҳо бар асоси намояндагии миллатҳои сокини кишвар, бидуни таҷдиди назар бар тарзи  идораи давлат пойдор ва инъикосдиҳандаи намояндагии қавмҳо ва миллатҳои кишвар дар шароит ва афкори имрӯзаи кишвар нахоҳад буд. Дар айни замон бояд зикр намуд, ки дар ҳалли ин масъала  созмонҳои сиёсии кишвар, ки бар асоси маромҳои хеш метавонанд намояндагони қавмҳо ва миллатҳои гуногунро бо ҳам бипайванданд ва ба анҷоми як ҳадафи муайян раҳнамойӣ намоянд, нақши таъинкунанда доранд.

Ҳангоми таҷдиди назар бар тарзи идораи давлат бояд созмондиҳии низоми федеролӣ дар кишвар бар пояи миллатҳо ва қавмҳои кишвар ва ё бар асоси минтақаҳои дохили кишвар мадди назар гирифта шавад.

Қавмҳо ва миллатҳои асосӣ, тавре ки зикр гардид, дар Афғонистон аз пуштунҳо, тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва балучҳо иборатанд. Аз ин ҷост, ки ташкили давлат ба асоси низоми федеролӣ, ба назари мо, дар шароити феълӣ барои Афғонистон беҳтарин шакли идораи давлат мебошад.  Ҳукумати марказӣ дар чунин маврид аз ҷумлаи намояндагони ҳукуматҳои минтақаҳо ташкил бояд шавад.

Исломи ноб ин ҷо омили умумӣ, васлкунанда ва пайвандкунандаи тамоми миллатҳои сокини кишвар хоҳад буд.  Бо мурури замон, нақши созмонҳои сиёсӣ дар ташкили Ҳукумат ва ҳалли масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар дар раванди сулҳ ва амонӣ рӯ ба афзоиш хоҳад ниҳод. Дар ҳамин маврид ҳам намояндагони миллатҳо ва қавмҳо, бар асоси ин ё он созмони сиёсӣ, ҳамчун намояндагони ҳукуматҳои  минтақавӣ дар ҳукумати марказӣ ширкат хоҳанд дошт. Намунаи чунин тарзи ҳукумат дар аксари кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад.

Баъди ба охир расидани амалиёти зидди терроризм ва вогузории нигоҳдории амният дар кишвар ба дӯши неруҳои низомии Афғонистон  ва хориҷ шудани «Неруҳои байналмилалии мусоидати амният дар Афғонистон»  ва қувваҳои низомии ИМА аз ин кишвар, масъалаи нигоҳ доштани сулҳу амният  дар Афғонистони воҳид ва минтақа яке аз мавзуҳои муҳимтарин маҳсуб мегардад. Тавре ки маълум аст, баҳори соли 2014 (5 апрел) дар Афғонистон интихоботи Президенти кишвар гузаронда мешавад. Дар асоси   моддаи шасту дуввуми Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Президенти имрӯзаи кишвар — Ҳомид  Карзай наметавонад, ки беш аз ду давра ба ҳайси Раиси Ҷумҳур интихоб гардад ва ӯ ҷонибдориашро аз ин талаботи қонун аллакай иброз доштааст.  Ҳоло масъалаи интихоботи Президенти кишвар ва хориҷ гардидани неруҳои низомии НАТО ва ИМА аз Афғонистон ва чигунагии таъсири он ба барқарории сулҳу амният дар ин кишвари  гирифтори карахтию бадбахтӣ аз ҷониби коршиносони дохилу хориҷи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Омодагӣ оид ба гузаронидани интихоботи президентӣ бошад, тибқи изҳороти Фазл Аҳмади Маънавӣ – раиси Комиссияи марказии интихоботи  кишвар оғоз гардидааст. Аз ҷумлаи 399 ҳавзаи интихоботӣ имрӯзҳо дар 385 ҳавза барӯйхатгирии интихобкунандагон оғоз гардидааст. Дар боқимонда ҳавзаҳои интихоботӣ,  ки вазъияти амниятӣ ҳанӯз имкони онро намедиҳад,  ин амал баъдтар оғоз хоҳад шуд. Дар асоси маълумоти мавҷуда  дар интихоботи Президенти кишвар созмонҳои сиёсии фаъоли кишвар ва ҳамчунин  «Толибон» таҳти роҳбарии Мулло Муҳаммад Умар ба шарти пазируфтани талаботи Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок дошта метавонанд. Дар чунин вазъият гурӯҳи «Толибон» метавонанд тарафдории худро аз талаботи  Қонуни асосии кишвар эълон намоянд, аммо баъд аз интихобот дар сурати ба даст овардани аксарияти ройи интихобкунандагон аз қавли додаашон баргарданд. Ҳангоме  ки намояндагии гурӯҳи «Толибон» дар пойтахти Аморати Қатар омодаи ифтитоҳ шуда буд, дар он аз ҷониби   «Толибон»  лавҳаи «Намояндагии Хилофати Исломии Афғонистон» насб гардид. Ин ҳолат норозигии ҳукумати феълии Афғонистон ва ҷонибдории ИМА аз Афғонистонро ба миён оварда буд. Ҳоло маълум нест, ки дар сурати пирӯзии гурӯҳи  «Толибон»  дар интихобот талаботи Қонуни асосӣ риоя мешавад ё не? Кадом сохтори давлатиро онҳо рӯйи кор хоҳанд овард? Оё пас аз хориҷ гардидани неруҳои низомии ИМА аз Афғонистон таъқиби гурӯҳҳои дигари сиёсӣ ва оппозитсионӣ дар кишвар оғоз намегардад? Қонуни асосии мавҷуда ба ин саволҳо ба таври мукаммал ҷавоб намедиҳад ва дар мавриди амалҳои хилофи Қонуни асосӣ аз ҷониби мақомоти олии кишвар ба ҷуз аз ишора ба таъиди Шӯрои Миллӣ мақом ё неруйи дигари боздоранда вуҷуд надорад.

Дар назар аст, ки то хориҷ гардидани қувваҳои низомии ИМА аз Афғонистон, байни Ҳукумати Афғонистон ва ИМА шартномаи ҷудогона доир ба амният дар кишвар ба имзо мерасад. Шояд дар ин шартнома роҳҳои ҳалли саволҳои дар боло зикршуда ва дигар масъалаҳои дохилию хориҷӣ инъикоси худро пайдо намоянд. Фурсат расад аз ин иқдомоти лозима огоҳ хоҳем гардид.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи кишварҳои ҳамсояи ҳамзабон, ҳамдин, ҳамфарҳанг ба ҳукуматҳои минтақавии Афғонистон дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ боқӣ мемонад. Ин таваҷҷуҳ дар доираи арзишҳои умумибашарӣ ба нафъи тамоми кишварҳо хоҳад буд.

Барои сулҳ ва амният дар минтақа бояд тамоми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории маънавӣ ва иттилоотӣ дошта бошанд.

Дар робита ба аҳамияти ин мавзуъ, яъне барои ҳифзи Афғонистони воҳид бояд семинарҳо, конфронсҳо бо ҷалби намояндагони неруҳои сиёсии минтақа ва намояндагони миллатҳо ва қавмҳо доир гарданд.

Дар самти барқарории сулҳ дар Афғонистон ваҳдати миллатҳо нақши асосиро мебозад ва ин ваҳдатро метавон танҳо бо назардошти манофеи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии баробари тамоми сокинони кишвар ба даст овард.

Роҳбарони гурӯҳҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Афғонистон умед аст, ки зарурати ҳалли ин масъаларо дарк намудаанд ва шояд ба мусоидат ва миёнаравии воқеъбинонаи ҳамсояҳо ва созмонҳои байналмилалӣ эҳтиёҷ дошта бошанд?! Дар ҳар маврид ин кори мушкил ва зарурӣ амали пайгиронаро тақозо менамояд ва аз шитобкорӣ бояд парҳез намуд.

  М.ГУЛҶОНОВ