Чанде пеш бо ибтикори Лоиҳаи USAID/ Тандурустии босифат дар Маркази иттилоотӣ оид ба маводи дорувории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки рӯзноманигорон семинар баргузор гардид. Семинари мазкур мавзуи «Истифодаи дурусти антибиотикҳо»-ро дар бар гирифта, аз ҷониби коршиносони соҳаи фармасевтӣ тарзи истифодаи мақсадноки маводи доруворӣ фаҳмонида шуд.
Маҳбуба Аҳророва, корманди Лоиҳаи USAID/ Тандурустии босифат, ки тренери семинар буд, гуфт, ки мутаассифона, имрӯз сатҳи маърифати тиббии аксари аҳолӣ паст буда, дар истифодаи маводи доруворӣ муносибати нодуруст мекунанд. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯз аксари шаҳрвандон баъзе бемориҳоро саҳл пиндошта, ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки амали нодуруст ва хавфнок мебошад, зеро дар аксар вақт омилҳои зикршуда сабаб мешавад, ки беморӣ куҳна шуда, раванди табобат мушкил ва тӯлонӣ гардад. Аз ин рӯ, нафаре, ки ба беморӣ гирифтор мешавад, бояд пеш аз ҳама ба духтур муроҷиат намуда, дар асоси дорухат дору харидорӣ намояд. Ғайр аз ин, ҳангоми харидории маводи доруворӣ сертифакти доруро пурсидан низ ба манфиати кор аст. Номбурда дар идомаи суҳбат гуфт, ки баъзе шаҳрвандони мо побанди рекламаи воситаҳои ахбори омма гардида, бе иҷозати духтур доруҳои рекламашудаи носанҷидаро истеъмол менамоянд. Дар натиҷа, ба ҷойи табобат беморӣ хурӯҷ менамояд.
Дар охир аз ҷониби ташкилкунандагони семинар зикр гардид, ки мақсади баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббии мардум дар ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори омма мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»