Яке аз омилҳои асосии коҳишёбии сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ ҷалби шаҳрвандон ба машғулияти доимӣ буда, баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва дархости корҷӯён натиҷаи пешрафту афзудани ташкилоту муассисаҳо ва ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад.
Ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод рӯзи шашуми марти соли равон дар саҳни бинои Сирки давлатии Тоҷикистон бо иштироки ташкилоту муассисаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 45 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои пойтахт иштирок намуда, 1439 ҷойҳои холии кориро пешниҳод карданд, ки аз ин шумора 830 ҷой ба ихтисосҳои занона мансуб буд.
Тавре аз Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон тамоми корхонаҳое, ки ба ҷалби қувваи қобили меҳнат таваҷҷуҳ доштанд, иштирок намуданд. Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ 1100 нафар корҷӯён муроҷиат намуда, 100 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, 100 нафари дигар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Музди миёнаи меҳнати ҷойҳои кори пешниҳодшуда 586 сомониро ташкил медод.
Ҳамчунин 90 нафар корҷӯёне, ки мехоҳанд ба хориҷи кишвар барои кор раванд, дар Муассисаи давлатии «Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуданд ва баъдтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар мешаванд.
Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар мадди назари роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва аз ин рӯ ташкили чунин ярмаркаҳо муҳиму саривақтист.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»