Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Ифодагари муносиботи хуби Тоҷикистону Хитой

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Нуҳуми сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии мусаввараи «Боғи дӯстӣ», ки дар он дӯстии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой инъикос шудааст, баргузор гардид. Директори Осорхона Абдувалӣ Шарипов зимни суханрониаш изҳор дошт, ки асари рассоми тоҷик Фаридун Неъматзода ба Осорхонаи миллӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар доираи он Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ба Тоҷикистон ташриф меорад, тӯҳфаи арзанда аст. Баъдан, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Рашид Олимов ба сухан баромада, доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаҳои гуногун ҳарф зад. Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой дар  Тоҷикистон Фан Сянжуан низ аз рушди мунтазами ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ёдовар шуда, изҳор дошт, ки кишвараш аз аввалин давлатҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Пас аз қисмати расмӣ, бо буридани лентаи рамзӣ ҳозирин ба толоре, ки дар он мусаввараи «Боғи дӯстӣ» гузошта шуда буд, ворид шуданд. Тавре аён гардид, дар маркази ин мусаввара дарахти зардолу бо меваҳояш тасвир шудааст, ки зери он тоҷикдухтар ҳамроҳи духтари хитойӣ қарор доранд. Бино ба гуфти Рашид Олимов, ин образ ифодагари дӯстӣ мебошад. Дар дасти рости духтари хитойӣ мурғи самандар нишастааст, ки нишон аз дарозумрӣ ва дӯстии абадии халқҳои тоҷику чин мебошад. Ҳамчунин, дар пироҳани ӯ парвонаҳои зиёди гуногунранг тасвир ёфтаанд, ки онҳо низ рамзи абадиятанд. Тоҷикдухтар бошад, бо пироҳани кабудранги навда ва ғунчаҳои шукуфони зардолудошта тасвир шудааст. Ӯ дар сар сарбанде аз гулҳои зардолу ва дар дасташ табақи пур аз меваи пухтарасидаи зардолу дорад. Тоҷикдухтар  дар ҳолати пешниҳоди зардолу ба меҳмонон тасвир ёфтааст. Ғунчаҳои шукуфтаи зардолуи дар пироҳани он тасвиршуда рамзи шодию хурсандӣ ва иди умумӣ будани ташрифи меҳмонони олиқадр аст.

Дар қисми дувуми асар, ки паси дарахти бузурги зардолу тасвир шудааст, ёдгориҳои таърихии машҳури ду кишвар- Қалъаи Ҳисор ва Девори бузурги Чин, инчунин табиати дилрабои Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитой инъикос ёфтаанд.

Рассоми тоҷик Фаридун Неъматзода  айни замон дар ИМА зиндагӣ дошта, асари «Боғи дӯстӣ»-ашро тавассути Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ҳадя намудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»