27 декабри соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати № 1-уми кӯдакони ятими шаҳри Душанбе» ташриф оварда, дар барномаи идонаи он, ки ба фарорасии Соли нави мелодӣ бахшида шуда буд, суханронӣ намуд.
Бояд зикр кард, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 октябри соли 2014 мактаб-интернати №1-уми шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати № 1-уми кӯдакони ятими шаҳри Душанбе» табдили ном кард ва айни замон дар он тамоми шароити зарурӣ барои таҳсил ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани ятимону бепарасторон муҳайё гардидааст. Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати № 1-уми кӯдакони ятими шаҳри Душанбе» дорои толорҳои зебою барҳавои фарҳангӣ, варзишӣ, майдончаи варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ бо 200 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин рӯз дар ин ошхонаи дилкаш барои ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз ҷониби Раиси шаҳр зиёфати солинавӣ ороста шуд.
Тавассути ғамхории доимӣ, ки солҳо дар ин ва дигар муассисаҳои таълимии ин соҳа аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе зоҳир мегардад, тамоми биноҳои ин мактаб-интернат, аз ҷумла синфхонаҳои таъиноти гуногун, хобгоҳҳо, ки алоҳида барои духтарон ва писарон оростаанд ва дигар утоқу толорҳо ободу зебо ва бо ашёву таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Мактаб-интернати мазкур, ҳамчунин дорои шабакаи алоҳида ва мустақили гармидиҳӣ гардидааст, ки дар фасли зимистон барои таҳсили босифат ва будубоши шабонарӯзии тарбиятгирандагони ин муассиса басо созгор аст.
Ҳоло дар ин муассиса 493 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 25 нафарашон ятим, 300 нафар нимятим, яъне бе яке аз саробониҳои оила ва 168 нафари дигар аз оилаҳои ниёзманд мебошанд.
Таълим дар ин муассиса бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Тарбиятгирандагони ин даргоҳ пайваста мавриди ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ва Раиси шаҳр қарор доранд.
Дар толори калони фарҳангии ин мактаб-интернат ба ҳамаи тарбиятгирандагони он аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сарулибоси зимистона — ҳафт номгӯй барои писарон ва ҳашт номгӯй барои духтарон, ширинӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
Раиси шаҳри Душанбе зимни суханронӣ ҳамаи тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ ва кулли мактаббачагони кишварро бо арафаи Соли нави мелодӣ аз номи Сарвари давлат табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз худ намудани илму техника ва касбу ҳунари замони муосир ҳидоят намуд.
Дар охир, дар ҳамин толори барҳаво барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки боиси шодию нишот ва дилхушии кулли аҳли толор, пеш аз ҳама, тарбиятгирандагони мактаб-интернат гардид. Қисми зиёди ин барнома аз ҷониби кӯдакону наврасон, ки гулғунчаҳои ояндадори фарҳангу санъати миллии тоҷикӣ мебошанд, таҳия гардидааст.
Ш.САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе