Истеҳсоли қуму шағал меафзояд

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

ДУШАНБЕ. ( Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №175 аз 21 апрели соли 2012 «Дар бораи тасдиқи нақшаи амал оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» соли равон дар ҷумҳурӣ сохта ва ба истифода додани боз панҷ корхонаи нави истеҳсоли қуму шағал бо таъсиси 65 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст. Бино ба иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар ҷумҳурӣ 64 корхонаи истеҳсоли қуму шағал мавҷуд аст, ки фаъолияти мавсимӣ доранд. Бо муътадил шудани обу ҳаво ва пайдо гаштани шароиту имконият моҳи феврали соли ҷорӣ 41 корхонаи он аз нав ба фаъолият оғоз намуда, ба миқдори 55,2 ҳазор м3 қуму шағал истеҳсол карданд.