ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи ҷашну маросимҳо ба хона- интернатҳо кӯмак мерасонад. Тавре аз вазорати мазкур ба мо иттилоъ доданд, чунин кӯмак ба Муассисаи давлатии « Хона -интернати пиронсолон ва маъюбон»- и ноҳияи Ёвон расонида шуд. Чун анъана дар арафаи иди саиди Фитр дар муассисаи мазкур ҷамъомади хотирмон доир гардид. Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Саидова оид ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати чунин табақаи ниёзманд суханронӣ ва ба муносибати иди саиди Фитр табрик намуда, 100 сар мурғи зинда, 50 адад рӯйпӯши хоб ва 200 адад зарфи хӯрокхӯриро ба хона-интернат супорид. Сипас, бошандагони хона- интернат бо барномаи консертӣ хотири иштирокчиёнро болида намуданд.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон