Душанбе.(Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Рӯзи 14 июни соли 2013 шаҳрванд Далер Ғуломов, санаи таваллудаш- соли 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, пеш аз сафари навбатӣ ба Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумот муроҷиат кард. Кормандони бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти мазкур муайян карданд, ки ин шаҳрванд ба муҳлати се сол, бо сабабҳои вайрон намудани қоидаҳои будубош ва ҳаракати роҳ дар Федератсияи Россия, ба рӯйхати берункардашудагон(депортатсия) ворид будааст. Бинобар ин Д.Ғуломов ноилоҷ чиптаашро баргардонд. Вай ҳарчанд аз ин вазъ чандон хушҳол набуд, лекин хушҳол аз он шуд, ки тавонист пеш аз сафар аз ҳолатҳои ногувор ва сарфи беҳудаи маблағ эмин гардад. Дар ин бора аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, гуфтанд, ки ба роҳ мондани мулоқоту вохӯриҳо ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути кормандони Хадамоти муҳоҷират сабаби пешгирии чунин ҳолат ва ғанӣ гардонидани буҷети оилавии онҳо мегардад.
Телефонҳои боварии Хадамоти муҳоҷират ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, шаҳрвандон метавонанд доир ба мушкилоти ҷойдошта дар дохил ва хориҷи мамлакат занг зананд.