ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар мавзуи «Натиҷаҳои татбиқи «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» ва қадамҳои минбаъда дар самти иҷрои «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» суҳбати мизи мудаввар доир гардид.
Чорабиниро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод ифтитоҳ намуда, аз ҷумла гуфт, ки ҳадаф аз баргузории он муаррифии натиҷаҳои бадастомадаи татбиқи ҳуҷҷати «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» дар доираи бахшҳои дахлдор ва муҳокимаи нақшаи корӣ ҷиҳати татбиқ ва иҷрои тадбиру нишондиҳандаҳои «Стратегияи баланд бардоштани некуаҳволии мардуми Тоҷикистон» иборат мебошад.