Кишти чигит босуръат идома дорад

№49 (3034) 22.04.2013

ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имсол дар ҷумҳурӣ мувофиқи дурнамо дар майдони 200082 гектар кишти чигит, аз ҷумла 6700 гектар кишти чигити пахтаи навъи маҳиннах гузаронида мешавад. То санаи 15 апрели соли равон дар майдони 156203 гектар пунбадона кишт шудааст, ки баробари 78,1 фоизи дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35796 гектар зиёд мебошад. Имсол кишоварзони мамлакат асосан «Флора», «Кармен», «Намангон», «Ҳисор», «Истиқлол» ва дигар навъҳои тухмии ватаниро кишт менамоянд.