ДУШАНБЕ. ( Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум») Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи нақша дар майдони 78365 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. То санаи 19 августи соли равон дар майдони 76774 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки баробари 98 фоизи дурнамо мебошад. Аз ҷумла кишти ғалладона дар 31187 гектар, ҷуворимакка барои дон 13558 гектар, шолӣ 6769 гектар, дигар намуди ғалладонагиҳо 10860 гектар ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон дар майдони 301 гектар картошка, 6902 гектар сабзавот, 2602 гектар полезиҳо, 2053 гектар зиро-атҳои техникӣ ва 33730 гектар хӯроки чорво кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон