Кори китобхонаҳо ба талаби замон мувофиқ мешавад

№53 (3038) 03.05.2013

ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Бо иқдоми Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М.Миршакар (КДҶБ) дар шаҳри Қайроққум семинар-тренинг баргузор гардид. Он ба мавзуи «Бунёди захираҳои иттилоотӣ дар китобхонаҳо» бахшида шуд. Мутахассисони КДҶБ дар робита ба ин мавзуъ роҷеъ ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бунёди захираҳои иттилоотӣ, фазои иттилоотию таълимии шахсияти кӯдак ва нақши китобхона дар ташкили он, рушди фарҳангии наврасон ба воситаи технологияи иттилоотию иртиботӣ суханронӣ ва бо иштирокчиёни семинар мубодилаи афкор намуданд. Чунин ҷамъомадҳо бо мақсади ба талаби замон мувофиқ кардани кори китобхонаҳои бачагона ва ҷалби наврасон ба китобу китобхонӣ гузаронида мешаванд.