ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Бо мақсади ба ҳисоб гирифтани (инвентаризатсия) асноди нафақавии нафақагирон тариқи кортҳои бонкӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва сохторҳои вазорати мазкур ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷиҳати иваз намудани кортҳои бонкии нафақавӣ ба низоми пардохти миллӣ — «Корти миллӣ» ситоди якҷоя баргузор гардид. Механизми иваз намудани кортҳои қаблӣ ба кортҳои нави миллӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе аз 1 август шуруъ гардида, то 25 сентябри соли ҷорӣ амалӣ хоҳад гашт.
Ба ҳолати 12 августи соли равон беш аз 15 фоиз кортҳои пардохтӣ ба нафақагирони шаҳри Душанбе дастрас гардидааст. Мавриди зикр аст, ки ивази кортҳо ба таври ройгон ба роҳ монда, бақияи суратҳисобҳо бемонеа ба кортҳои нав интиқол дода мешаванд.