М. УБАЙДУЛЛОЕВ: «ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ НОКИФОЯАНД»

№62 (3542) 14.05.2016

DSC_076111 майи соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати  раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеъ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ­баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, қабл аз ҳама, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба татбиқи муқаррароти Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» дар доираи 130 рӯзи ободонӣ нигаронида, фаъолияти гурӯҳҳои кории дар ҳар як ноҳияи шаҳр аз 26 апрел то 10-уми майи  соли равон суратгирифтаро нокифоя арзёбӣ кард.

Дар робита ба ин дастур шуд, ки гурӯҳҳои корӣ тайи ду ҳафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ оид ба аз байн бурдани ҳолатҳои ошкоргардидаи ғасби худсарона ва иҳотагирии қитъаҳои замини назди биноҳои бисёрхонагию ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва бунёди иншооти ғайриқонунии ба фарҳанги шаҳрнишинӣ бегона ва дарахтони хушкида, инчунин ободонии намои биноҳо, роҳу ҳудуди маҳалҳо ва каналу селпартоҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Баҳри боз ҳам тақвияту тавсеа додани омодагиҳо ба ин раванд Маҳмадсаид Убайдуллоев аз прокуратураи шаҳр ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ даъват ба миён овард, ки дар доираи 130 рӯзи ободонӣ зимни мулоқоту вохӯриҳо ба сокинон моҳият ва муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»- ро васеъ фаҳмонида, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Дар ҷаласа раиси шаҳр, ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 нигаронида, ба раисони ноҳияҳои шаҳр дас­тур дод, ки то фарорасии мавсими имсола бо иштироки бевоситаи соҳибмулкони манзилҳои истиқоматӣ ҳолати омодагии бинову иншооти гармиқабулкунандаро дар шаҳр зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Шавкат САИДОВ