Маҳмадсаид Убайдуллоев Зайдуло Мировро бо хонаи якҳуҷрагӣ қадрдонӣ намуд

№49 (3034) 22.04.2013

Шаҳрдории Душанбе иштирокчии фаъоли ҳамаи Ниммарафонҳои байналмилалии шаҳри Душанбе (I, II, III), сокини 82- солаи пойтахт Миров Зайдулоро дар остонаи истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорумин Ниммарафони анъанавии байналмилалии шаҳри Душанбе бо хонаи якҳуҷрагӣ, воқеъ дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии кӯчаи Борбад 56 қадрдонӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки тасмими мазкур барои саҳми арзандаи мавсуф дар тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ҷомеаи пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 21 апрели соли 2013 зимни супоридани мукофотҳо ба ғолибони сеюмин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

Зайдуло Миров, сарфи назар аз ба синни мубораки 82 расидани худ, бори дигар аз ин туҳфа ва соҳибсухании шаҳрдор изҳори сипос намуда, зикр сохт, ки феълан барои иштирок дар чорумин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе омодагӣ гирифтааст ва кулли ҷавононро ба ин сабқат даъват менамояд.

 

Шавкат САИДОВ,

котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе