Мақомоти прокуратура аз рукнҳои асосии низоми давлатдорист

№131 (3277) 08.11.2014

Чанде пеш дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20- умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.

Конфронсро Прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одина ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷомеаи башарӣ эълон намуд, ки ҷонибдори эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, баҳри ҳифзи дастовардҳо ва камолоти он тамоми кӯшишро ба харҷ дода, таъмин, ҳимоя ва такмили манфиатҳои миллии хешро ҳадафи аслии худ қарор дода, метавонад дар ҳама ҳолат ин арзишҳоро ҳифз кунад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ бо амалӣ намудани марому мақсадҳои пешбинишуда барои бунёди давлати муосире, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ташкил дода, дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Эҳтиром, риоя ва иҷрои бемайлони Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи ҳама мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ҳамин радиф, ба уҳдаи мақомоти прокуратура, ки дар низоми идоракунии давлатӣ яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор меравад, вазифаи назорати дақиқ ва иҷрои якхелаи  қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Бобати ҳифзи арзишҳои  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои меъёрҳои қонунгузории амалкунанда мақомоти прокуратура бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории бевосита дошта, баҳри пешгирии содиршавии ҷиноятҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус ҷавонон доимо чораҳои зарурӣ татбиқ карда мешавад.

Дар конфронс кормандони мақомоти прокуратура баромад карда, ба ҷанбаҳои таърихи ташаккули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он, назорати прокурорӣ ва нақши он дар татбиқи ҳуқуқҳои инсон ва дигар паҳлуҳои масъалаи баррасишаванда равшанӣ андохтанд.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»