Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ворид ва ба фурӯш гузоштани маводи пиротехникӣ манъ шуда бошад ҳам, ин гуна маводро як қисм ҷавонону наврасон дастрас ва истифода мебаранд. Ин як навъ шуғли бемаънӣ ба ҳисоб меравад. Илова бар он, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маҳалли зист аз садои гӯшхароши он мардум нороҳат мешаванд. Равшан аст, ки аз хариди маводи пиротехникӣ ҷавонону наврасон ҳеҷ манфиате намебинанд. Маблағи беҳуда сарфкардаи онҳо кисаи онҳоеро пур мекунад, ки бо роҳи қочоқ ба тиҷорати чунин мавод машғуланд.
Бинобар ба муомилоти озод роҳ надодани маводи пиротехникӣ барои ба даст овардани даромади муфт баъзеҳо роҳу воситаҳои гуногунро истифода мебаранд. Шахсоне, ки чунин маводро ғайриқонунӣ вориди ҷумҳурӣ менамоянд, дар марказҳои тиҷоратӣ онро ба фурӯш намегузоранд, зеро медонанд, ки муҷозот мешаванд. Ба ин мақсад ҷавонону наврасонро ҷалб мекунанд ва ба ин тариқ дар маҳалу кӯчаҳо фурӯши пинҳониро ба роҳ мемонанд. Маъмулан ҷавонони бекор бештар истифода мешаванд, аммо ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки хонандагону донишҷӯён низ мехоҳанд бо ин восита соҳиби даромади муфт гарданд.
Чунончӣ, ҳангоми андешидани тадбирҳои фаврӣ -ҷустуҷӯйӣ шаҳрвандон Алиҷон Мазҳабов, Исматулло Шифоев ва Сафаралӣ Наҷмов бо мақсади ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори калон аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дастгир шуданд. Ҳангоми кофтукови шахсии номбурдагон маълум шуд, ки аз борхалтаи полиэтилении рангаш сабзчаи мутааллиқ ба онҳо 7650 адад маводи пиротехникӣ (хлопушка) ва 28 адад оташфаввораи тарфгарӣ (салют) ҳамчун далели шайъӣ ёфт гардид.
Алиҷон Мазҳабов донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буда, Сафаралӣ Наҷмов ва Исматулло Шифоев ихтисос надошта, муваққатан бекор мебошанд. Онҳо бо маслиҳати пешакӣ ба хариду фурӯши маводи пиротехникӣ машғул буданд. Ҳарчанд медонистанд, ки хариду фурӯши ин мавод чанд сол инҷониб манъ шудааст.
Амали онҳо хилофи қонун буда, бо моддаи 1991 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маҳз моддаи 1991 Кодекси мазкур пешбинӣ менамояд, ки тибқи он шахси ин кирдорро содирнамуда, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд.
Судшавандагон Алиҷон Мазҳабов, Исматулло Шифоев ва Сафаралӣ Наҷмов вобаста ба ҳолатҳои ҷиноят нишондодҳои худро дар давраи тафтишотӣ ва рафти тафтишоти судӣ пурра додаанд ва дар содир намудани ҷиноят худашонро гунаҳкор меҳисобанд. Дар рафти тафтишот аз суд хоҳиш намудаанд, ки парванда бо риояи талаботи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне тариқи содакардашуда баррасӣ шавад. Дар рафти мурофиаи судӣ бори аввал ҷиноят содир намудан, ба гуноҳи худ иқрор будан ва аз карда пушаймон гардидани судшавандаҳо ба инобат гирифта шуд.
Дар асоси талаботи моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои таъиншуда шартан татбиқ карда нашуда, бо ҳукми суд нисбати Алиҷон Мазҳабов, Сафаралӣ Наҷмов ва Исматулло Шифоев ҳар кадоме як солӣ муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.
Дар рафти тафтишот сабабҳои содиршавии ҷиноят ҳамаҷониба ба инобат гирифта шуд. Додани ҷазо дар чунин шакл бо мақсади ислоҳи онҳо ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои нав мебошад.
Убайд АБДУАЛИМЗОДА, муовини аввали прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мушовири адлияи дараҷаи дуюм,
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».