Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ хабарнигори рӯзнома бо муовини раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Файзӣ Қосимова ҳамсуҳбат шуд. Мавсуф минҷумла чунин гуфт:
- Набояд фаромӯш кард, ки сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурии мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бо намояндагони мухолифин тӯли панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ 21 маротиба мулоқоти расмӣ ва чандин бор суҳбатҳои ғайрирасмӣ анҷом доданд. Президенти кишвар дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки баъзе неруҳо ба ҳам омадани миллати мо ва ба сулҳу субот расидани кишварамонро намехостанд.
Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, кишварамон аз харобӣ ва миллатамон аз парокандагӣ наҷот бахшид. Тӯли ин солҳо барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари мо марҳилаи сифатан нави созандагию пешрафт шурӯъ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваю дониш ва таҷрибаи созандагии хешро барои истиқрори сулҳ, дӯстиву ҳамкорӣ ва рушди Ватан сарф намуда истодааст.
Солҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон давраи имтиҳону озмоишҳои басо вазнини ҳаёт, давраи расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва оштии миллӣ буд. Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Соли равон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои гуногун дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба боло рафтани ҳисси худшиносии шаҳрвандон мусоидат намуд.
Дар вохӯриҳо бо сокинони маҳаллаю кӯчаҳо ҳамеша дар бораи неъмати бебаҳо будани Ваҳдати тоҷикон, сухан мегӯем. Бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ вобаста ба ин масъала вохӯрию конференсияҳо доир мекунанд.
Бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев аз 6 июни соли 2014 таҳти № 250 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ» тӯйи домодию арӯсии 90 ҷуфт навхонадорон баргузор гардид, ки 22 нафарашон сокинони ноҳияи Шоҳмансур мебошанд. Ин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли сеюм аст, ки бо дастгирии шаҳрдорӣ барои фарзандони оилаҳои ниёзманд баргузор мегардад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ хатнасури 90 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд низ ба нақша гирифта шудааст.
-Рӯзи Ваҳдати миллиро мо ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоем. Бахшида ба ин рӯз дар ҳудуди ноҳия ҳашар баргузор мегардад, ки барои тозаву зебо гардонидани кӯча, гулгашту хиёбон сокинон фаъолона иштирок мекунанд. Барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани ҳар як маъракаи сиёсию фарҳангӣ корҳои зиёди хотирмон ба анҷом расонда мешавад.
Имсол 20 – солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷлил мегардад. Барои бо дастовези муносиб истиқбол намудани ин ҷашнҳо, корҳои бунёдкорию созандагиро беш аз пеш вусъат мебахшем.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»