14 ноябри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама ғановати бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия ва пешгирӣ аз болоравии нархҳо доир гашт.
Дар ҷаласа қарор дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии болоравии нарх дар бозори истеъмолӣ, таъсиррасонии ҳамаҷониба алайҳи фаъолияти монополистии шахсони воқеию ҳуқуқии хизматрасон, аз байн бурдани субъектҳои миёнарав дар интиқоли молу маҳсулот аз ҷониби сохторҳои масъули давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Бо ин мақсад супориш дода шуд, ки захираҳои маъмурияти бозорҳои коммуналӣ ба савдо гузошта шуда, интиқоли ҳамарӯзаи маҳсулоти кишоварзӣ бевосита аз ҷониби директорони корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон», «Бозори Қарияи боло» ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз ноҳияҳои кишоварзии ҷумҳурӣ таъмин ва шурӯъ аз 15 ноябри соли 2014 ҳамарӯза дар Муассисаи давлатии Маҷмааи савдо «Пойтахт-90» ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир карда шавад.
Гузашта аз ин, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф карда шуд, ки ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» маблағҳои зарурии бефоизро аз буҷети шаҳр ҷудо намояд.
Ҷиҳати иҷрои ин муқаррарот пешбурди назорат ва роҳандозии ҳамкориҳо ба зиммаи роҳбарони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, комиссияҳои ҷамъиятию институтҳои шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ вогузор карда шуд.
Ҳамзамон Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута таҳлилу ояндабинии ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро дар шаҳр анҷом дода, дар доираи ваколатҳои шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хилофи нуфузёбии субъектҳои монополистӣ дар бозорҳои хизматрасонии шаҳр тадбирҳои муассир андешанд.
Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳои вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати зиддисӯхторию хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва риояи интизоми меҳнат дар дастгоҳу сохторҳои шаҳрӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас дода шуданд.
Ш. САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе